Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ба ҳукумати кишвар пулакӣ кардани боз чанде аз роҳҳои мошингарди ҷумҳуриро пешниҳод дорад.
Зимни нишасти хабарии имрӯза вазири нақлиёти кишвар Худоёр Худоёрзода дар ин робита изҳор намуд, ки ягона роҳи пулакии ҷумҳурӣ – Душанбе- Чаноқ самаранокии чунин корро дар ин самт исбот намуд.
“ Мо ҳама шоҳиди самаранокии роҳи пулакии Душанбе – Хуҷанд ҳастем. Агар ин роҳ пулакӣ намебуд, танҳо бо як воситаҳои Вазорати нақлиёт роҳро дар фурсати кӯтоҳ аз барфтӯдаву тарма тоза карда наметавонистем. Барои таъмини ҳаракати нақлиёт бо ин роҳ ҳукумат пул ҷудо намекунад”, – иброз дошт ӯ.
Суҳроб Мирзоев, муовини вазири нақлиёт қайд кард, ки Вазорат то охири соли равон ҷиҳати ҷорӣ кардани пардохти муайяни маблағ барои истифода аз роҳҳои дигари кишвар ба ҳукумат пешниҳоди дахлдор мефиристад ва доир ба пулакӣ шудани роҳҳои дараҷаи аввал фармони дахлдори ҳукумат низ мавҷуд аст. Роҳи мушаххасеро дар ин маврид муовини вазир номбар накард.
Ба саволи журналистон дар бораи баргардонидани қарзҳои гирифта барои сохтмони роҳ вазири нақлиёт мухтасар чунин посух дод: “Қарзҳо пардохта шуда истодаанд, бисёре аз ин қарзҳо дарозмуҳлатанд”.
Ёдрас мекунем, ки моҳи апрели соли 2010 бори нахуст дар Тоҷикистон барои истифода аз роҳи мошингарди Душанбе – Чаноқ (шимоли ҷумҳурӣ) пардохти маблағ ҷорӣ шуд. Бар асоси шартнома бо ҳукумати Тоҷикистон идоракунӣ ва хизматгузорӣ ба зербинои роҳро филиали ширкати IRS бар уҳда дорад.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.


