Сокинони Тоҷикистон аз ҳисоби худ 605 км роҳро таъмир кардаанд

Date:

Худоёр Худоёрзода, вазири нақлиёти Тоҷикистон имрӯз, зимни нишасти матбуотӣ гуфт, ки аз ҳисоби соҳибкорон ва сокинон 605 км. роҳ таъмир карда шуд. Ӯ гуфт, ки бо кӯмаки соҳибкорон ва сокинон асосан роҳҳои аҳамияти маҳаллидошта таъмир карда шуд.

“Имсол аз ҳисоби буҷаи ҷумҳурӣ ба маблағи 60,8 млн. сомонӣ, аз ҳисоби буҷаи маҳаллӣ ба маблағи 8,9 млн. сомонӣ ва аз ҳисоби соҳибкорон ва сокинон ба маблағи 75,5 млн. сомонӣ 875 км. роҳҳои мошингарди ҷумҳурӣ таъмир карда шуд. Аз 605 км. роҳи таъмиркардаи соҳибкорон ва сокинон 155 км. асфалтпӯш карда шуд”,-гуфт вазири нақлиёт.

Ӯ зикр намуд, ки дар навбати худ вазорати нақлиёт онҳоро бо техника ва коркунон таъмин намудааст.

“Барои таъмири роҳе, ки аз ҳисоби соҳибкорон ва сокинон анҷом дода мешавад, мо техника ва корманд ихтисос медиҳем. Масалан, соли гузашта дар Рашт аз 155 тонна битуми барои таъмир зарурӣ, 131 тоннааш бо маблағи соҳибкорон харидорӣ карда шуд. Ният дорем, ки ин таҷрибаро соли ҷорӣ низ идома диҳем”, -иттилоъ дод вазир.

Ӯ ҳамчунин иброз намуд, ки барои асфалтпӯш кардани як метр роҳ 26 доллар сарф мешавад. Агар як километр роҳ 7500 метри квадратӣ бошад, пас барои асфалтпӯш кардани он 196 ҳазор доллар зарур аст.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...