Вазорати саноат: Тоҷикистон талаботи худро ба маҳсулоти асосии хӯрокворӣ пурра таъмин мекунад

Тоҷикистон талаботи дохили худро ба маҳсулоти асосии хӯрокворӣ таъмин намуда, қисмате аз он ба хориҷи кишвар содирот мешавад. Бино ба иттилои Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон, саноати  хӯрокворӣ ҳамчун соҳаи муҳими саноат дар таъмини амнияти озуқавории кишвар, чун солҳои қаблӣ рушди устувор ва мунтазами худро тавассути татбиқи технологияҳои инноватсионӣ дар истеҳсолот идома дода, ба […]

Asia-Plus

Тоҷикистон талаботи дохили худро ба маҳсулоти асосии хӯрокворӣ таъмин намуда, қисмате аз он ба хориҷи кишвар содирот мешавад.

Бино ба иттилои Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон, саноати  хӯрокворӣ ҳамчун соҳаи муҳими саноат дар таъмини амнияти озуқавории кишвар, чун солҳои қаблӣ рушди устувор ва мунтазами худро тавассути татбиқи технологияҳои инноватсионӣ дар истеҳсолот идома дода, ба натиҷаҳои назаррас ноил гардид.

Гуфта мешавад, бо таъсиси корхонаҳои нав, иқтидорҳои истеҳсолӣ рушд ёфта, имконияти таъмини пурраи бозори дохилӣ бо маҳсулоти  гӯштию ширӣ, консерваи меваю сабзавот, орд, макарон, нон ва маҳсулоти нонӣ, намаки ошию техникӣ, нӯшокиҳои  спиртию  ғайриспиртӣ  муҳайё гардида, як қисми маҳсулоти истеҳсолгардида, ба хориҷи кишвар содирот карда мешавад.

Тибқи маълумоти Вазорат, танҳо дар соли ҷорӣ 15 корхона ва коргоҳи истеҳсоли маҳсулоти ғизоии саноатӣ бо таъсиси 147 ҷойҳои нави корӣ сохта ба истифода дода шуд, ки азимтарини онҳо  коргоҳи нав бо истифода аз хатҳои технологии пешқадами корхонаи ордбарории  “Анҳор”-и шаҳри Бӯстон бо иқтидори коркарди 380 тонна ғалла дар як шабонарӯз  ва  сармояи 8,5 миллион сомонӣ ба ҳисоб меравад.

Таъкид мешавад, ки соли 2018 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноати хӯрокворӣ  тамоюли зиёдшавӣ касб карда, маблағи 4,9 млрд. сомониро ташкил дод, ки нисбати ҳамин давраи соли 2017 – қариб 14% ё худ 597,5 млн. сомонӣ зиёд мебошад.

Зимнан зикр мегардад, ки соли гузашта дар Тоҷикистон ба сурати умум наздики 694 ҳазор тонна орд, 56,8 ҳазор тонна гӯшт, беш аз 23,6 ҳазор тонна зарфи (банкаи) шартии консерва, зиёда аз 4,6 ҳазор тонна маҳсулоти ҳасибӣ, беш аз 14 ҳазор тонна маснӯоти қаннодӣ, зиёда аз 16 ҳазор тонна равғани растанӣ, наздики 37 ҳазор тонна намаки хӯрокӣ, беш аз 11 млн. декалитр нӯшокиҳои ғайриспиртӣ ва зиёда аз 51 ҳазор нӯшокиҳои спиртӣ истеҳсол шуд.

Қобили зикр аст, ки ҳиссаи маҳсулоти саноатӣ дар ҳаҷми умумии истеҳсолоти саноатии Тоҷикистон қариб 25%-ро ташкил медиҳад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио