Соҳибкорони тоҷик ба гирифтани қарзҳо аз Ӯзбекистон шитоб надоранд

Соҳибкорону тоҷирони Тоҷикистон ба гирифтани қарзҳои имтиёзнок аз Ӯзбекистон ҷиҳати интиқоли молу маҳсулот аз ин кишвари ҳамсоя начандон таваҷҷуҳ доранд. Қарзҳои содиротӣ аз Ӯзбекистон дар доираи созишномаи моҳи марти соли гузашта баизорасида байни ҳукуматҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон дар бораи ҳамкории молиявӣ пешниҳод мешаванд. Дар созишномаи мазкур ифтитоҳи хатҳои махсуси қарзӣ ба маблағи умумии 100 млн. доллар […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Соҳибкорону тоҷирони Тоҷикистон ба гирифтани қарзҳои имтиёзнок аз Ӯзбекистон ҷиҳати интиқоли молу маҳсулот аз ин кишвари ҳамсоя начандон таваҷҷуҳ доранд.

Қарзҳои содиротӣ аз Ӯзбекистон дар доираи созишномаи моҳи марти соли гузашта баизорасида байни ҳукуматҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон дар бораи ҳамкории молиявӣ пешниҳод мешаванд.

Дар созишномаи мазкур ифтитоҳи хатҳои махсуси қарзӣ ба маблағи умумии 100 млн. доллар аз ҷониби бонкҳои муайяни кишварҳо пешбинӣ шудааст.

Пешниҳоди наздики нисфи ин қарзро аз ҷониби Тоҷикистон “Амонатбонк” анҷом медиҳад. “Амонатбонк” бо ду бонки Ӯзбекистон ҷиҳати пешниҳоди ин қарзҳо ба маблағи умуии 43 млн. доллар қарордод ба имзо расонид.

Раиси “Амонатбонк” Сироҷиддин Икромӣ рӯзи 5 феврал ба “Азия-Плюс” дар ин робита иттилоъ дод, ки то имрӯз бонк ҳамагӣ дар ҳаҷми 507 ҳазор сомонӣ ё худ 1,2% аз ҳаҷми умумӣ аз ин маблағҳо қарз додааст.

Омили асосии худдорӣ варзидани соҳибкоронро аз гирифтани ин қарз Икромӣ ба додани он бо асъори амрикоӣ нисбат медиҳад.

“Тайи солҳои охир тамоили беуқрбшавии арзи миллӣ нисбати асъори хориҷӣ ҷараён дошта, аз ин рӯ, шаҳрвандони мо гирифтани қарзҳоро бо сомонӣ афзалтар медонанд, зеро дар сурати бо асъори хориҷӣ гирифтани қарз, ба мушкилӣ дучор шуда метавонанд”, – иброз дошт Икромӣ.

Ғайр аз ин, камтаваҷҷуҳии тоҷирону соҳибкорони тоҷикро ба гирифтани ин қарз Икромӣ ба шартҳои ҷониби Ӯзбекистон низ марбут медонад, ки воситаҳои пулӣ дода нашуда, танҳо молу маҳсулот пешниҳод мегардад.

“Дар ин самт тадбирҳо роҳандозӣ шуда, умедворем, ки дар ҳамдастӣ бо шарикони ӯзбек ба тағйиротҳои муайян дар ин масъала ноил мегардем, ки ба афзудани таваҷуҳи соҳибкорон ба дастрасӣ ба ин қарзҳо мусоидат менамояд”, – илова намуд ӯ.

“Амонатбонк” дар баробари “Ориёнбонк” ва “Бонки Эсхата” ба сифати миёнарав дар ҷараёни пешниҳоди қарзҳо аз ҷониби Тоҷикистон иштирок мекунад, яъне ширкатҳои Тоҷикистонро маблағгузорӣ мекунад, ки ба ин васила онҳо аз Ӯзбекистон молу маҳсулот харида метавонанд.

Ширкатҳои воридкунандаи молу маҳсулот ба Тоҷикистон, ки ба интиқоли маҳсулоти Ӯзбекистон хоҳиш доранд, метавонанд то 1 млн. доллар қарз гиранд.

Қобили зикр аст, ки қарзҳои Ӯзбекистон ба муҳлати аз 1 то 3 сол дода мешаванд, яъне барои молу маҳсулоти ниёзи мардум – ба муддати 1 сол ва барои таҷҳизот – то 3 сол. Агар муҳлати қарз 1 сол бошад, меъёри фоиз ба он 8%-и солона ва беш аз 1 сол – 9%-и солонаро ташкил медиҳад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.