Арзиши иҷозатнома ба сохтмони манзил дар Душанбе маълум шуд

Маблағи гирифтани иҷозатнома барои сохтмони манзил ва нуқтаҳои фурӯш дар шаҳри Душанбе аз 165 то 220 сомониро барои 1 метри мураббаъи иншоот ташкил медиҳад. Вакилони палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон аз лоиҳаи қонуни аз ҷониби ҳукумат пешниҳодшуда дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба қонун «Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет» якдилона дастгирӣ карданд. Мувофиқи […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Маблағи гирифтани иҷозатнома барои сохтмони манзил ва нуқтаҳои фурӯш дар шаҳри Душанбе аз 165 то 220 сомониро барои 1 метри мураббаъи иншоот ташкил медиҳад.

Вакилони палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон аз лоиҳаи қонуни аз ҷониби ҳукумат пешниҳодшуда дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба қонун «Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет» якдилона дастгирӣ карданд.

Мувофиқи тағйироту иловаҳо, минбаъд ширкатҳои сохтмон, ки дар қаламрави шаҳри Душанбе ба сохтмони манзил ва нуқтаҳои фурӯш машғуланд, барои дастрас намудани иҷозатномаи ҳукуматдорони шаҳр хироҷ пардохт мекунанд.

Зимни суханронӣ назди вакилони парлумон доир ба ин масъала вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Неъматулло Ҳикматуллозода изҳор намуд, ки ширкатҳои машғул ба сохтмони биноҳои истиқоматӣ ва нуқтаҳои фурӯш дар пойтахт то ҳол чунин хироҷ пардохт намекарданд.

Вазир таъкид дошт, ки арзиши гирифтани иҷозатнома барои сохтмон аз 165 то 220 сомониро барои як метри мураббаъи иншоот ташкил медиҳад.

Дар бораи дар кадом ҳолатҳо пардохт шудани 165 сомонӣ ва 220 сомонӣ вазир маълумот надод.

Ин воситаҳо ба суратҳисоби махсуси ҳукуматдорони пойтахт гузаронида мешаванд, ки онро бо ин мақсад Вазорати молияи Тоҷикистон боз мекунад.

Ташкилотҳои буҷетии ҷумҳурӣ, ки ба сохтмони иншооти таъиноти саноатӣ ва иҷтимоӣ, иншооти зербинои бахши сайёҳӣ машғалунд, аз пардохти чунин хироҷ озод карда мешаванд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.