Дар тарабхонаи «Ҷавонӣ»-и шаҳри Хуҷанд даври вилоятии озмуни “Дастархонороӣ” баргузор гардид.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, озмуни мазкур бо мақсади эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, сарфаву сариштакорӣ, камхарҷу сарфакорона, зебову хушхур оростани дастархонҳои ҷашну маросим гузаронида шуд.
Гуфта мешавад, дар озмун кадбонуҳои беҳтарини шаҳру навоҳӣ маҳсули дастони худро ба маъраз гузоштанд.
Муовини раиси вилоят Назира Fаффорӣ ва ҳайати ҳакамони озмун аз дастархони оростаи кадбонуҳои шаҳру навоҳӣ дидан намуда, ҷиҳати камхарҷ ва босарфа гузаронидани ҷашну маросим андешаҳои худро баён намуданд.
Зикр мегардад, ки дастархони оростаи мардуми ноҳияи Айнӣ сазовори мақоми аввал, дастархондорони ноҳияи Бобоҷон Fафуров ба гирифтани мақоми дуюм сазовор шуда, ба даври ҷумҳуриявии озмун роҳхат гирифтанд. Ҷои сеюм бошад, ба дастархонороии мардуми Исфарамарз лоиқ ва ғолибон бо туҳфаҳои раиси вилоят сазовар гаштанд.
Ёдрас мекунем, ки охири соли гузашта Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар бораи баргузор намудани озмуни ҷумҳуриявии дастархонороӣ соли 2019 дар Тоҷикистон амр ба имзо расонид.
Ҳадаф аз гузаронидани чорабинии мазкур эҳё ва тарғиби таомҳои миллӣ, ҳамагонӣ намудани он, баланд бардоштани маданияти дастархонороӣ унвон мешавад.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.


