Дар Тоҷикистон корхонаи муштарак бо Ӯзбекистон сабт шуд

Ширкати муштараки “Ориён-Узагро” ба сохтмони корхона оғоз мекунад, ки дар заминаи таркибу ҷузъ ва қисмҳои эҳтиётии Ӯзбекистон дар Тоҷикистон ба истеҳсоли техника ва таҷҳизоти кишоварзӣ машғул хоҳад шуд. Бино ба маълумоти хабаргузории kun.uz, ҳанӯз 9 ноябри соли 2018 байни “Корхонаи техникаи кишоварзии Тошканд”, ки ба ҳайати ҶС “Узагротехсаноатхолдинг” шомил аст ва “Ориёнбонк”-и Тоҷикистон дар бораи […]

Сайфиддин Қараев

Ширкати муштараки “Ориён-Узагро” ба сохтмони корхона оғоз мекунад, ки дар заминаи таркибу ҷузъ ва қисмҳои эҳтиётии Ӯзбекистон дар Тоҷикистон ба истеҳсоли техника ва таҷҳизоти кишоварзӣ машғул хоҳад шуд.

Бино ба маълумоти хабаргузории kun.uz, ҳанӯз 9 ноябри соли 2018 байни “Корхонаи техникаи кишоварзии Тошканд”, ки ба ҳайати ҶС “Узагротехсаноатхолдинг” шомил аст ва “Ориёнбонк”-и Тоҷикистон дар бораи таъсиси ширкати муштараки истеҳсолӣ созишнома ба имзо расида буд.

Тавре дафтари матбуоти “Узагротехсаноатхолдинг” хабар медиҳад, корхонаи нави муштараки Тоҷикистону Ӯзбекистон санаи 11 феврал дар Кумитаи андози Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст.

Дар ин робита рӯзи 14 феврал дар сафоратхонаи Ӯзбекистон дар Душанбе вохӯрии кории ҳайати Ӯзбекистон бо директори генералии ширкати “Ориёнинвест” Саидисматулло Валиев ва ҳайати кормандони он доир гардидааст.

Зимни мулоқот таъсиси корхонаи мазкурро ҷонибҳо муҳиму саривақтӣ арзёбӣ намуда, изҳор доштаанд, ки он ба густариш ва таҳикими муносибатҳои шарикии стратегӣ байни давлатҳо мусоидат менамояд.

Гуфта мешавад, Ҷамъияти саҳҳомии “Узагротехсаноатхолдинг” бо корхонаҳои маъруфи олмонии Lemken, CLAAS, ширкати мошинсозии амрикоии Jonh Deere, корхонаи бузурги истеҳсолкунандаи техникаи кишоварзӣ ва сохтмони саросари дунё – CNH Industrial NV ҳамкорӣ дорад.

Дар паҳнои ИДМ корхона бо ширкати русиягии Росселмаш, корхонаҳои беларусии БобруйскАгроМаш ва холдинги «Амкодор», Корхонаи истеҳсоли тракторҳои Минск ва дигар ширкату корхонаҳо пурсамар ҳамкорӣ мекунад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Рақибони дастаи футболи Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё муайян шуданд

Ҷоми Осиё-2027 аз 7-уми январ то 5-уми феврали соли оянда дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон ба Чин сафар мекунад

Зимни ин сафар татбиқи лоиҳаҳои муштарак, аз ҷумла энергетика, “иқтисоди сабз” ва фанновариҳои рақамӣ" баррасӣ хоҳанд шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 майи соли 2026

Аз таъсиси Консерваторияи миллӣ то зодрӯзи Ҳошим Гадову Абдулмаҷид Достиев.

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.