Сафари вазири корҳои хориҷии Люксембург ба вақти дигар гузаронида шуд

Сафари расмии вазири корҳои хориҷӣ ва умури аврупоии Герсогии Бузурги Люксембург Жан Ассселборн ба Душанбе, ки бояд рӯзҳои 3-4 март сурат мегирифт, ба вақти дигар гузаронида шуд. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” аз ҳукумати Тоҷикистон хабар доданд. Бино ба иттилои манбаъ, сафари вазири корҳои хориҷии Люксембург ба Тоҷикитсону Покистон ва Ӯзбекистон бо сабабҳои техникӣ ба […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Сафари расмии вазири корҳои хориҷӣ ва умури аврупоии Герсогии Бузурги Люксембург Жан Ассселборн ба Душанбе, ки бояд рӯзҳои 3-4 март сурат мегирифт, ба вақти дигар гузаронида шуд. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” аз ҳукумати Тоҷикистон хабар доданд.

Бино ба иттилои манбаъ, сафари вазири корҳои хориҷии Люксембург ба Тоҷикитсону Покистон ва Ӯзбекистон бо сабабҳои техникӣ ба вақти дигар мавқуф гузошта шуда, ӯ санаи 6 март аз Тоҷикистон боздид мекунад.

Зимни сафар ба Тоҷикистон дидору гуфтушунидҳои ӯ бо президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ва вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин пешбинӣ шудааст.

Дар назар аст, ки зимни вохӯриҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистону Люксембург баррасӣ шуда, ба натиҷаҳои ҳосилшуда аз қарордодҳои баимзорасида байни кишварҳо зимни сафарҳои президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Люксембург солҳои 2004 ва 2011 таваҷҷуҳи хосса зоҳир хоҳад шуд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.