Марзбони тоҷик барои таҳқири ҳамхизматонаш маҳкум шуд

Суди гарнизони ҳарбии Душанбе сарбози қатории қисми низомии 0113-и Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон Ҳабибулло Ойевро ба як соли зиндон маҳкум намуд. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” аз суди мазкур хабар доданд. Ӯ дар содир намудани ҷиноят мутобиқи моддаи 373 Кодекси ҷиноятии ҶТ (Вайрон  кардани қоидаҳои оинномавии муносибатҳои байниҳамдигарии хизматчиёни  ҳарбӣ  дар  ҳолати   набудани тобеияти хизматӣ […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Суди гарнизони ҳарбии Душанбе сарбози қатории қисми низомии 0113-и Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон Ҳабибулло Ойевро ба як соли зиндон маҳкум намуд. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” аз суди мазкур хабар доданд.

Ӯ дар содир намудани ҷиноят мутобиқи моддаи 373 Кодекси ҷиноятии ҶТ (Вайрон  кардани қоидаҳои оинномавии муносибатҳои байниҳамдигарии хизматчиёни  ҳарбӣ  дар  ҳолати   набудани тобеияти хизматӣ дар байни онҳо) айбдор дониста шуд.

Ҳабибулло Ойев дар қаламрави ноҳияи Лахш, дар сарҳади байни Тоҷикистону Қирғизистон адои хизмат мекард.

Аз ҷониби суд бо ваҷҳу далелҳо собит шудааст, ки ӯ сержант Ҳаким Абдурасулов ва сарбози қаторӣ Русланҷон Дӯстовро лату кӯб мекардааст, ки дар натиҷа онҳо ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштаанд.

Сарбози маҳкумшуда муҳлати адои ҷазоро дар қисми низомии интизомӣ паси сар мекунад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.

Дар Тоҷикистон хамираҳои дандоншӯии қалбакии “SPLAT” ошкор шудааст. “Тоҷикстандарт” ҳушдор медиҳад

Бо тавсияҳои ин ниҳод ва намунаҳои қалбакии ин хамираҳо дар ин хабари мо шинос шавед.

Мавқеи Тоҷикистон дар Шохиси шаффофияти буҷет беҳтар шудааст, вале ҳанӯз нокофӣ аст

“Шабакаи байналмилалии буҷетӣ” радабандии шаффофияти буҷетро барои соли 2025 нашр кардааст.

“Ягон партовкаш нест”. Кӣ Хуҷандро аз партовҳо тоза мекунад?

Роҳбари корхонаи “Хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд” аз набудани коргарон шиква кард.