Президенти Ӯзбекистон ба кормандони сохторҳои қудратӣ барои лоғаршавӣ 6 моҳ муҳлат дод

Date:

Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 1 март дар мулоқот бо фаъолони вилояти Намангон кормандони вазоратҳои умури дохилӣ ва дифои ин кишварро барои фарбеҳӣ ва доштани вазни барзиёд танқид кард.

Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ бо такя ба маълуомти расонаҳои маҳаллӣ, президент Шавкат Мирзиёев ба кормандони ду вазорат аз 3 то 6 моҳ муҳлат додааст, ки лоғар шаванд.

"Ба мо афсар, корманди фарбеҳи умури дохилӣ лозим нест. Ӯ бо он вазн чи гуна ҷинояткорро дастгир карда метавонад? Бигзор бо варзиш машғул шаванд. Ин на барои ман, балки барои саломатии худи онҳо зарур аст. Ба онҳо 3 ё 6 моҳ муҳлат медиҳем, то худро ба тартиб оранд ва лоғар шаванд", – иқтибос овардааст Daryo.uz аз суханони Мирзиёев.

Шавкат Мирзиёев мушкили фарбеҳӣ ва доштани вазни зиёдро 9 ноябри соли 2018 дар як ҷаласаи видеоӣ бахшида ба натиҷаҳои ислоҳоти хадамоти тиббӣ дар Ӯзбекистон низ ёдрас карда буд.

"Ними аҳолии Ӯзбекистон дар натиҷаи камҳаракатӣ ва ғизои нодуруст фарбеҳ мешаванд. Дар натиҷа 31 дарсади сокинон ҳоло ба бемории фишорбаландӣ гирифторанд", – гуфта буд Мирзиёев он замон.

Пас аз ин суханҳои Мирзиёев хабарҳое нашр шуданд, ки як қатор муассисаҳои давлатӣ аз кормандони худ талаб доранд, дар муддати кӯтоҳ лоғар шаванд. Дар баъзе аз корхонаҳо ба кормандон ҳатто дастурамали партофтани вазни зиёдатиро тақсим карданд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Камчибек Тошиев, раиси КДАМ-и Қирғизистон аз сӯйи раисҷумҳур ба истеъфо фиристода шуд

Камчибек Тошиев, раиси КДАМ-и Қирғизистон имрӯз, 10-уми феврал, аз...

Боздошти ду мансабдори пешини Ӯзбекистон. Онҳо кистанд ва ба чӣ муттаҳаманд?

Расонаҳои Ӯзбекистон аз боздошти ду мансабдори пешини ин кишвар...

Ҳабси Иқбол Солиев, табибе аз Ӯзбекистон, ки гӯё беморонро бо ламсу молиш “табобат” мекард

Иқбол Солиев, табибе аз Ӯзбекистон, ки гӯё беморонро бо...

Оби Осиёи Марказӣ барои соли 2026 чӣ гуна тақсим шуд?

Соли 2026 Тоҷикистон аз рӯдхонаҳои Амударё - 9 821...