Муҳлати таҳримҳои зидди Русия боз як соли дигар дароз шуд

Президенти ИМА Доналд Трамп 4 март муҳлати таҳримҳоеро, ки дар робита ба вазъи Украина зидди Русия ҷорӣ шуда буданд, боз як соли дигар дароз кард. Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ бо истинод ба Кохи сафед, дар робита ба вазъи Украина бори нахуст зидди Русия 6 марти соли 2014 таҳрим ҷорӣ шуда буд. Гуфта […]

Бахши хабарии Осиёи Марказӣ

Президенти ИМА Доналд Трамп 4 март муҳлати таҳримҳоеро, ки дар робита ба вазъи Украина зидди Русия ҷорӣ шуда буданд, боз як соли дигар дароз кард.

Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ бо истинод ба Кохи сафед, дар робита ба вазъи Украина бори нахуст зидди Русия 6 марти соли 2014 таҳрим ҷорӣ шуда буд.

Гуфта мешавад, ба эъломи таҳримҳо амалу сиёсатҳои ҳукумати Русия сабаб шуданд, ки ба раванд ва институтҳои демократии Украина осеб расонда, ба сулҳу субот, амният, соҳибихтиёрӣ ва тамомияти арзии он кишвар таҳдид мекунанд.

Зикр мегардад, ки дертар таҳримҳо афзоиш дода шуданд. Аз ҷумла моҳи декабри соли 2014 таҳримҳо ба далели ишғол шудани Қрим аз сӯи Русия афзоиш ёфтанд.

"Амалу сиёсатҳои дар фармон дарҷшуда ҳанӯз ҳам таҳдидҳои ғайриодиеро ба амнияти миллӣ ва сиёсати хориҷии ИМА дар пай доранд. Бинобар ин, таҳримҳои соли 2014 эъломшуда пас аз 6 марти соли 2019 низ бояд амал кунанд", – оварда шудааст маълумоти дарҷёфта дар иттилоияи Трамп.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.