Дар шаҳри Душанбе ба муносибати ҷашни Наврӯз аз 16 то 20 март ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ доир мегардад, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз дафтари матбуоти мақомоти шаҳрдории пойтахт.
Қарори мазкур аз ҷониби раиси пойтахт Рустами Эмомалӣ бо мақсади ғановати бозори маҳсулоти хӯрокворӣ ва дастрасии ин маҳсулот ба сокинон дар остонаи ҷашни Наврӯз қабул шудааст.
Маҳсулоти деҳқононро метавон аз бозорҳои “Меҳргон” дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ, “Саховат” дар ноҳияи Фирдавсӣ, фурӯшгоҳҳои бозор дар рӯ ба рӯи беморхонаи Қарияи Боло дар ноҳияи Сино ва назди бинои Кумитаи меъморӣ ва сохтмон дар ноҳияи Шоҳмансур дастрас намуд.
Дар ярмаркаҳо маҳсулоти ниёзи аввали Агентии хариди давлатӣ ва Иттифоқи “Тоҷикматлубот” низ ба фурӯш бароварда мешавад.
“Маҳсулот дар ярмаркаҳо бо нархи нисбатан арзонтар аз бозорҳо ба фурӯш гузошта мешавад”, – қайд карданд дар мақомоти шаҳрдории пойтахт.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.


