Имсол болоравии маошу нафақа ва стипендияҳо дар назар нест

Date:

Музди меҳнат, нафақа ва стипендияҳо давоми соли равон дар ҷумҳурӣ ба гумони ғолиб боло бурда намешаванд.

Дар буҷети соли равон ба ин бандҳо маблағгузорӣ пешбинӣ нашудааст, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз Вазорати молияи ҷумҳурӣ.

Дар Вазорати молия қайд карданд, ки айни замон лоиҳаи буҷети давлатӣ барои соли 2020 ва нишондиҳандаҳои асосӣ барои ду соли минбаъда мавриди таҳия қарор дорад.

“Таҳиягарони лоиҳа ба масъалаи беҳбуди сатҳи некӯаҳволии шаҳрвандони кишвар таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, дар сурати дарёфти сарчашмаҳои маблағгузорӣ, дар буҷети соли оянда барои афзоиши маошу нафақа ва стипендияҳо ҷудо кардани маблағҳоро пешбинӣ мекунанд”, – итминон доданд дар Вазорати молия.

Ёдрас мекунем, ки президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон 26 декабри соли гузашта зимни ироаи паём ба парлумон дар бораи гузоштани заминаҳои зарурӣ барои баланд бардоштани маошу нафақа ва стипендияҳо изҳори назар карда буд.

“Дар асоси барномаҳои қабулгардида мо бояд тарзе заҳмат кашем, ки барои баланд бардоштани музди меҳнати кормандони соҳаҳои буҷетӣ ва нафақа дар солҳои минбаъда низ заминаҳои зарурӣ гузошта шаванд, яъне бояд бо роҳи зиёд кардани қисми даромади буҷет солҳои дигар низ маошу нафақаро баланд бардорем”, – гуфта буд ӯ.

Қобили зикр аст, ки ҳаҷми музди меҳнати кормандони буҷет, нафақа ва стипендияҳо дар Тоҷикистон бори охир аз 1 сентябри соли гузашта ба андозаи 15-30% боло рафтанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

Дар Тоҷикистон барои фурӯши сабикаи тилло дастгоҳҳои худкор насб мекунанд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба нақша гирифтааст, ки давоми...

1 млрд доллар камтар. Чаро гардиши мол байни Тоҷикистону Қазоқистон кам шуд?

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва...