Прокурори генералӣ ба Маҷлиси миллӣ ҳисобот медиҳад

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев дар бораи санаи 29 март даъват шудани иҷлосияи навбатии ҳаждаҳуми палатаи болоии парлумони ҷумҳурӣ қарор ба имзо расонид. Вакилони Маҷлиси миллӣ тағйироту иловаҳои қаблан қабулшударо аз ҷониби палатаи поёнии парлумон ба қонунҳо “Дар бораи коррупсия”, “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, “Дар бораи хизмати […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев дар бораи санаи 29 март даъват шудани иҷлосияи навбатии ҳаждаҳуми палатаи болоии парлумони ҷумҳурӣ қарор ба имзо расонид.

Вакилони Маҷлиси миллӣ тағйироту иловаҳои қаблан қабулшударо аз ҷониби палатаи поёнии парлумон ба қонунҳо “Дар бораи коррупсия”, “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, “Дар бораи хизмати давлатӣ” баррасӣ мекунанд, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз палатаи болоии парлумони кишвар.

Бино ба иттилои манбаъ, узви тозаинтихоби палатаи болоии парлумон, раиси ВМКБ Ёдгор Файзов дар ин иҷлосия ба сифати вакили Маҷлиси миллӣ савганд ёд мекунад.

Зимнан зикр гардид, ки прокурори генералии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон ба вакилони Маҷлиси миллӣ дар бораи ҳолати риояи қонунҳо дар қаламрави кишвар гузориш медиҳад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.