Нияти дубора додани имтиёзҳо ба истеҳсолкунандагони орд

Ҳукумати Тоҷикистон имкони барқарор намудани имтиёзҳоро аз пардохти андоз ба ворид кардани гандум барои корхонаҳои ордбарорӣ ва фурӯши маҳсулоти истеҳсолкардаи онҳоро мариди баррасӣ қарор дорад. Имтиёзҳои амалкунанда ба истеҳсол ва фурӯши орд аввали соли равон бекор шуда, пас аз ин арзиши ин маҳсулоти ниёзи аввал дар ҷумҳурӣ давоми моҳи январ қариб ба андозаи 5% боло […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Ҳукумати Тоҷикистон имкони барқарор намудани имтиёзҳоро аз пардохти андоз ба ворид кардани гандум барои корхонаҳои ордбарорӣ ва фурӯши маҳсулоти истеҳсолкардаи онҳоро мариди баррасӣ қарор дорад.

Имтиёзҳои амалкунанда ба истеҳсол ва фурӯши орд аввали соли равон бекор шуда, пас аз ин арзиши ин маҳсулоти ниёзи аввал дар ҷумҳурӣ давоми моҳи январ қариб ба андозаи 5% боло рафт.

“Вазорати молия бо назардошти пешниҳоди истеҳсолкунандагони орд лоиҳаи тайиротро ба буҷети давлатии соли 2019 таҳия ва бо вазорату идораҳои дахлдор мувофиқа намуд. Дар ин тағйрот муқаррар намудани АИИ ҷиҳати ворид кардани гандум барои корхонаҳои коркард бо меъёри 10% пешниҳод мешавад. Барои фурӯши маҳсулоти корхонаҳои ордбарорӣ низ ҳамин андоза меъёри пардохти андоз пешбинӣ шудааст”, – хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз Кумитаи андози Тоҷикистон.

Дар Кумита қайд карданд, ки лоиҳаи тағйироту иловаҳои зикршуда айни замон мавриди баррасии ҳукумат қарор дорад.

Қобили зикр аст, ки то 1 январи ҳамин сол меъёри имтиёзноки 10%-аи ААИ ба ворид кардани гандум (ба истинои гандуми воридшуда барои истеҳсоли маҳсулоти зераксизӣ), таъмини корхонаҳои коркард бо он, ҳамчунин фурӯши маҳсулоти истеҳсолкардаи корхонаҳои ордбарорӣ амал мекард.

Аммо дар буҷети соли 2019 дар руйхати имтиёзнок танҳо воридоти гандумро боқӣ гузоштанд. Меъёри ААИ ба минбаъд таъмин кардани корхонаҳои коркард бо гандум ва фурӯши маҳсулоти ниҳоӣ дар сатҳи 18% муқаррар шуда буд.

Қобили зикр аст, ки орду гандум ба Тоҷикистон асосан аз Қазоқистон оварда мешаванд, ки аз ҳаҷми умумии воридот ба ҳиссаи ин кишвар беш аз 90% рост меояд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.