Ҳукумат барои Хазинаи суғуртаи пасандози шахсони воқеӣ имтиёзҳо дархост кард

Ҳукумати Тоҷикистон ба парлумон пешниҳод намуд, ки Хазинаи суғуртаи пасандози шахсони воқеӣ аз пардохти боҷҳои давлатӣ дар судҳо озод карда шавад. Лоиҳаи дахлдори тағйироту иловаҳо ба қонун «Дар бораи боҷи давлатӣ» аз ҷониби ҳукумат таҳия ва ҷиҳати баррасӣ ба парлумон ирсол шудааст, хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон. Мувофиқи […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Ҳукумати Тоҷикистон ба парлумон пешниҳод намуд, ки Хазинаи суғуртаи пасандози шахсони воқеӣ аз пардохти боҷҳои давлатӣ дар судҳо озод карда шавад.

Лоиҳаи дахлдори тағйироту иловаҳо ба қонун «Дар бораи боҷи давлатӣ» аз ҷониби ҳукумат таҳия ва ҷиҳати баррасӣ ба парлумон ирсол шудааст, хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон.

Мувофиқи тағйироту иловаҳои пешниҳодшуда, Хазинаи суғуртаи пасандози шахсони воқеӣ аз пардохти боҷҳои давлатӣ дар судҳо озод карда мешавад.

Хазинаи суғуртаи пасандози шахсони воқеӣ соли 2011 бар асоси қонуни ҶТ “Дар бораи суғуртаи пасандози шахсони воқеӣ” бо мақсади ҳимоя аз манфиатҳои қонунии амонатгузорон ва таҳкими эътимоди мардум ба низоми бонкӣ таъсис дода шудааст.

Хазина шахси ҳуқуқии ғайритиҷоратӣ буда, дорои тавозуни мустақилу мӯҳр аст ва дар асоси шартномаи байни бонкҳо ва Оинномаи вай, ки муассисони Хазина тасдиқ кардаанд, фаъолият мекунад.

Маблағи Хазина аз пардохтҳо, даромад аз сармоягузорӣ, маблағи аз Ҳукумати Тоҷикистон қарз гирифташуда, маблағи барои қонеъгардонии шикояти пасандоздорон гирифташуда, ки манфиатҳои онҳо мутобиқи Қонуни мазкур ба Хазина вогузор шудаанд, инчунин аз дигар маблағҳое иборат мебошад, ки қонун манъ накардааст.

Хазина метавонад танҳо ба коғазҳои қиматноки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, коғазҳои қиматноки Бонки миллии Тоҷикистон, коғазҳои қиматноки давлатҳои хориҷӣ ё бонкҳои марказии (миллии) хориҷии бонуфуз сармоягузорӣ кунад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.