Дар Норак ҳам парчаму нишон ва муҷассамаи Исмоили Сомонӣ қомат афрохтанд

Date:

Дар доираи сафари корӣ ба Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пояи Нишони давлатии Тоҷикистонро ба истифода дод.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, иншооти мазкур дар майдони 1570 метри мураббаъ бунёд ёфта, худи Нишон наздик ба 2 метр ва дар маҷмӯъ баландии иншоот бо сутунпояаш  22 метрро ташкил медиҳад.

Майдони Нишони давлатӣ пурра чароғон карда шуда, шабонгоҳ иншоотро 76 адад чароғакҳои поядор ва сутунпояву Нишонро 10 чароғаки пуриқтидор равшанӣ хоҳанд дод. Дар ин иншоот наздик ба 40 адад нишастгоҳ насб гардида, то 200 дарахти сояафкану ҳамешасабз шинонида шудааст.

ГАЛЛЕРЕЯ (3)



Имрӯз ҳамчунин Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Норак дар вазъияти тантанавӣ Парчами давлатиро барафрохт. Иншоот дар масоҳати 40 садяк бунёд гардида, атрофи он бо гулу бутаҳои ҳархела, дарахтони ҳамешасабз ва чароғҳои равшанидиҳанда бо тарҳи муосир оро дода шудааст.

Баландии пояи Парчами давлатӣ 50 метрро ташкил медиҳад. Дарозии матои ин рамз ва муқаддасоти миллӣ 14 метр ва паҳноиаш ба 7 метр баробар мебошад.

ГАЛЛЕРЕЯ (6)






Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин дар вазъияти тантанавӣ аз рӯи муҷассамаи асосгузори аввалин давлати тоҷикон – шоҳ Исмоили Сомонӣ пардаро бардошта, онро ифтитоҳ кард. Баландии пояи муҷассама 7,5 ва худи муҷассама 7 метрро ташкил медиҳад.

ГАЛЛЕРЕЯ (4)




Муаллифони муҷассамаи барқади шоҳ Исмоили Сомонӣ ҳайкалтарошон, аъзоёни Иттифоқи рассомони Тоҷикистон Мансур Маҷидов ва Рустам Ҳоҷибоев мебошанд. Майдони назди муҷассама бо фаввораҳо, гулгашту хиёбон бо гулҳои тару тоза ва растаҳо бо чароғҳои рангаву курсиҳо, оро дода шудааст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Тақдими мукофотпулии президент ба ғолибону ҷоизадорони мусобиқаҳои байнулмилалии варзишӣ

Мувофиқи амри президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Вазорати молияи...

Тағйироти кадрӣ дар Вазорати дифоъ, Нерӯҳои марзбонӣ, Идораи зиндонҳо ва Оҷонсии зиддифасод

Имрӯз, 16-уми январ дар сохторҳои Вазорати дифоъ, Гвардияи миллӣ,...

Ним миллион ё як миллион? Дар Русия чӣ қадар муҳоҷири тоҷик кор мекунад?

То ҳол дақиқан маълум нест, ки чӣ қадар муҳоҷирони...