Кумаки “Яхдони некӯкор” ба аҳолии камбизоати шаҳри Тошканд

Date:

Дар пойтахти Ӯзбекистон – шаҳри Тошканд аксияи “Яхдони некӯкор”, ки ба сокинони камбизоати шаҳр баҳри дастрасӣ ба маҳсулоти зарурии хӯрокворӣ имкон медиҳад, торафт писандидаву ҷонибдорони зиёд пайдо мекунад.

Аксия мазкур аз ҷониби Маркази ҷавонон ва кӯдакони имконияташон маҳдуд ҳамагӣ ду-се моҳ пеш роҳандозӣ шуда, аллакай на камтар аз 500 нафар аз кумаки он истифода кардаанд, ки аксарияташон нафақахӯрон мебошанд.

“То имрӯз ҳамагӣ 20 адад чунин яхдонҳо дар шаҳр гузошта шуда, то охири сол шумори онҳоро ба 100 адад расониданием. Дар ин аксия як чизи муҳимаш он аст, ки дар ин ҷо натанҳо метавон комилан бепул маҳсулоти ғизойӣ пайдо намуд, балки агар шахс имкон дошта бошад, метавонад ба онҳо маҳсулоти зарурии хӯрокворӣ гузорад”, – мегӯяд Баҳром Алимов, яке аз дастандаркорони аксия.

МЕДИА (YOUTUBE)

Ин хабар дар доираи лоиҳаи “Салом соседи!” таҳия шудааст. Гузориши пешин дар доираи ин лоиҳа бо суроғаи зерин қобили дарёфт аст.

Шарики лоиҳаи “Салом соседи!” (Салом ҳамсояҳо) КВД “Ширкати алюминии тоҷик” (ТАЛКО) мебошад. ТАЛКО корхонаи бузурги саноатии Тоҷикистон маҳсуб меёбад, ки дар сафҳои аввали истеҳсолкунандагони алюминий дар саросари ҷаҳон қарор дорад. Имрӯз саҳми ширкат дар чунин бахшҳои иқтисоди Тоҷикистон, ба мисли саноати кӯҳкорӣ ва кимиё низ назаррас аст. Ҳамчунин ТАЛКО рушди яке аз самтҳои нав дар иқтисоди Тоҷикистон – энергетикӣ-металлургиро низ ҳадаф қарор додааст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...