Интизорӣ ва воқеият: анҷоми маҷлиси ҳукумат ва бетағйир боқӣ мондани масъалаи Интернет

Маҷлиси имрӯзаи ҳукумати Тоҷикистон таҳти раёсати президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон ба итмом расида, хадамоти матбуоти сарвари давлат танҳо дар бораи масъалаҳои баррасишуда дар он мухтасар маълумот медиҳад. Интизориҳои эҳтимоли қабули ниҳоӣ дар бораи болоравии арзиши интернети мобилӣ маҳз дар ин ҷаласа, ҳамин тавр интизорӣ боқӣ монданд. Ба сурати умум ба миён гузоштан ва баррасии масъалаи […]

Asia-Plus

Маҷлиси имрӯзаи ҳукумати Тоҷикистон таҳти раёсати президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон ба итмом расида, хадамоти матбуоти сарвари давлат танҳо дар бораи масъалаҳои баррасишуда дар он мухтасар маълумот медиҳад.

Интизориҳои эҳтимоли қабули ниҳоӣ дар бораи болоравии арзиши интернети мобилӣ маҳз дар ин ҷаласа, ҳамин тавр интизорӣ боқӣ монданд.

Ба сурати умум ба миён гузоштан ва баррасии масъалаи арзиши интернети мобилӣ дар ҷаласаи мазкур номаълум аст.

Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар ҷаласа якчанд лоиҳаҳои қонунҳо баррасӣ ва ҳисоботи роҳбарони вазорату идораҳо дар бораи фаъолияташон шунида шуданд.

Нахуст “Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2019-2020” ҳисоботи Вазири рушди иқтисод ва савдо Неъматулло Ҳикматуллозода шунида шуд.

Дар бораи лоиҳаи конунҳои Тоҷикистон оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни ҶТ “Дар бораи Буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2019” ва “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни ҶТ “Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет” гузориши вазири молияи ҷумҳурӣ Файзиддин Қаҳҳорзода шунида шуд.

Ҳамчунин оид ба лоиҳаи қонуни ҶТ “Дар бораи таъмини оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партов” гузориши вазири энергетика ва захираҳои об Усмоналӣ Усмонзода, Оид ба лоиҳаи конуни ҶТ “Дар бораи таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашуда” гузориши вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Насим Олимзода ва дар бораи Барномаи рушди саноати сабук дар Тоҷикистон барои давраи то соли 2022 гузориши вазири саноат ва технологияҳои нав Заробиддин Файзуллозода шунида шуд.

Гуфта мешавад, дар кори маҷлис ҳамчунин лоиҳаи қонуни ҶТ “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҶТ” ва лоиҳаи қонуни ҶТ “Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба қонуни Тоҷикистон “Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор” баррасӣ карда шуд.

Лоиҳаҳои қонунҳои муҳокимашуда ва хулосаи ҳукумати Тоҷикистон “Дар бораи пешниҳоди хулосаи ҳукумати ҶТ ба лоиҳаи қонуни ҶТ “Дар бораи чарогоҳ” барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ ирсол карда шуд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.