Муколамаи САҲА ва Прокуратураи генералӣ дар Душанбе оид ба пешгирии ифротгароии хушунатомез

Дар Душанбе бо дастгирии САҲА мизи мудаввар оид ба Нақшаи миллии амалиёти Тоҷикистон оид ба пешгирии ифротгароии хушунатомез то соли 2020 баргузор гардид. 29 марти соли 2019 Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе чорум ҷаласаи машваратиро бахшида ба амалинамоии Стратегияи миллӣ ва нақшаи амалиёти Тоҷикистон оид ба пешгирии ифротгароии хушунатомез то соли 2020 баргузор намуд. Он […]

Иттилоияи расмии дафтари САҲА

Дар Душанбе бо дастгирии САҲА мизи мудаввар оид ба Нақшаи миллии амалиёти Тоҷикистон оид ба пешгирии ифротгароии хушунатомез то соли 2020 баргузор гардид.

29 марти соли 2019 Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе чорум ҷаласаи машваратиро бахшида ба амалинамоии Стратегияи миллӣ ва нақшаи амалиёти Тоҷикистон оид ба пешгирии ифротгароии хушунатомез то соли 2020 баргузор намуд. Он дар якҷоягӣ бо Прокуратураи генералии Тоҷикистон доир гардид.

Ҷаласа ҷонибҳои манфиатмандро чӣ дар сатҳи миллӣ ва чӣ дар сатҳи байналмилалӣ барои муҳокимаи сатҳи иҷроиши Нақшаи миллии амалиёти Тоҷикистон оид ба муқовимат ба ифротгароии хушунатомез гирд овард.  Иштирокчиён соҳаҳои иловагии дастгирии ҷомеаи шаҳрвандӣ ва муассисаҳои давлатиро мутобиқи меъёрҳо ва таҷрибаҳои пешқадами байналмилалии соҳаи ҳуқуқи инсон муайян намуданд.

Дар доираи кӯшишҳои амалисозӣ ҳамчунин натиҷаҳои курсҳои такмили ихтисоси САҲА барои шӯроҳои ҷамъиятӣ оид ба ислоҳоти милитсия ва муқовимат ба ифротгароии хушунатомез дар чаҳорчӯбаи кӯшишҳои ҳамкории милитсия бо ҷомеа  муаррифӣ карда шуданд.

«САҲА эътироф менамояд, ки дар шароитҳои кунунии амният, миқёс ва мушкилоти таҳдидҳои террористӣ доимо тағйир меёбанд. Бинобар ин Созмон ба усули муштарак ва ҳамоҳангшуда дар ҳамаи сатҳҳо ва шаклҳо мусоидат менамояд”, – таъкид кард Фейзо Нуманай, иҷрокунандаи вазифаи Роҳбари Дафтари САҲА дар Душанбе.

Манучеҳр Маҳмудзода, сардори Шӯъбаи ҳамкории байналмилалии Прокуратураи генералӣ низ қайд кард, ки ҳамкории миёни ҳукумат, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва субъектҳои байналмилалӣ дар ин самт хеле муҳим аст.

“Муносибати мо ба мушкилот ба принсипҳое такя мекунад, ки мутобиқи онҳо сарчашмаҳои ифротгароӣ ва терроризм аз вазъият маншаъ мегиранд ва муносибати бисёрҷанбаро ба муқовимати самаранок ба ин зуҳурот тақозо мекунанд,” – гуфт сафири Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Тоҷикистон Ҷон Марк Поммершайм.

Наврӯз Одинаев, намояндаи ҷомеаи шаҳрвандӣ ва узви Шӯрои ҷамъиятии оид ба ислоҳоти милитсия гуфт: “Механизми ҳамоҳангӣ байни ҷомеаи шаҳрвандӣ ва сохторҳои давлатӣ оид ба масъалаҳои марбут ба пешгирӣ ва мубориза бар зидди терроризм хеле муҳим аст. Истифодаи тадбирҳои маҳдудкунанда, чӣ дар фазои кибернетикӣ (интернет) ва чӣ дар ҷойи дигар, боиси тундравии бештари террористии ҷавонон хоҳад шуд”.

Иштирокчиёни вохӯрӣ инчунин фикру мулоҳизаҳои худро оид ба мушаххасоти татбиқи Стратегия иброз намуданд ва ба мувофиқа расиданд, ки ҳар ду моҳ кӯшишҳояшонро ҳамоҳанг месозанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.