Шӯрои уламо: “Саркашӣ аз ҳимояи Ватан гуноҳи кабира аст”

Asia - Plus

Раёсати Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як муроҷиати худ ба мардуми кишвар, аз ҷавонони тоҷик даъват намуд, ки аз хизмат дар сафи артиш сарпечӣ накунанд.

Дар ин муроҷиати Раёсати Шӯрои уламо гуфта мешавад, ки ҳифзу ҳимояи Ватан дар дини мубини Ислом ҷойгоҳи хосе дорад ва Худованди таъоло мусулмононро ба ҳифзи марзу буми ватани худ амр кардааст.

– Ҳар як фарди ватандӯстро мебояд ба Ватану миллат ва фарҳанги худ содиқ бошад, зеро дӯст доштани ватан, ҳифзи марзу бум, амнияту осудагӣ ва арҷ гузоштан ба фарҳангу муқаддасоти он қарзи ҳар як мусулмон ба ҳисоб меравад. Дар таълимоти динӣ фармудае ҳаст, ки дӯст доштани Ватанро ба ҳама воҷиб мегардонад: «Ҳуббу-л-ватани мина-л-имон», яъне “Дӯст доштани ватан аз гӯшаи имон аст”,- омадааст дар матни муроҷиатнома.

Инчунин дар муроҷиатнома бо истифода аз сураву ҳадис муҳимияти хизмат дар сафи артиш баён карда шуда, зикр гардидааст, ки «як шаб ҳимояи Ватан беҳтар аз тамоми некиҳост ва манзалати ҳомии Ватан мисли фариштагони нигаҳбон аст».

Бо нашри муроҷиатнома Раёсати Шӯрои уламо аз волидони ҷавонони тоҷик даъват намудааст, ки фарзандони худро ба хизмати ҳарбӣ ва ҳимояи Ватан фиристанд. Зикр мегардад, ки “саркашӣ аз ҳимояи Ватан гуноҳи кабира буда, мусоидаткунандаи он, яъне баъзе падару модарон низ ба ин гуноҳ шариканд!”.

Гузашта аз ин, дар матни муроҷиатнома омадааст: “Саркашӣ аз ин масъулияти имонӣ ва шаҳрвандӣ (хизмати ҳарбӣ дар сафи Артиш.-аз нашрия) як навъ нифоқу беимонӣ низ шумурда мешавад ва касе ба ин вазифаи муҳим беэътиноӣ мекунад, маҳрум аз хайру саодат ва ноком дар дунёву охират хоҳад шуд”.

Ёдовар мешавем, ки ҳоло дар ҷумҳурӣ маъракаи даъват ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ ҷараён дорад. Дар баъзе манотиқи кишвар ҷавононро бо баргузории чорабиниҳои идона ба хизмати ҳарбӣ гусел мекунанд.

Дар ҳамин ҳол, баъзе аз волидон шикоят менамоянд, ки фарзандонашонро тариқи иҷборӣ ё ба қавли байни мардум маъмули “облава” ба хизмат бурдаанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...