Раиси пойтахт ба иштирокчиёни ҶБВ наздики 700 ҳазор сомонӣ кумакпулӣ ҷудо кард

Собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ (ҶБВ), ки дар шаҳри Душанбе зиндагӣ мекунанд, дар остонаи ҷашни Рӯзи Ғалаба аз ҳисоби фонди захиравии раиси пойтахт ҳар кадоме ба маблағи 1 ҳазору 500 сомонӣ кумакпулии якдафъаина мегиранд. Бино ба иттилои сомонаи расмии мақомоти шаҳрдории Душанбе, мувофиқи қарори аз ҷониби раиси пойтахт Рустами Эмомалӣ баимзорасида, шахсони ба собиқадорони ҷанг баробаркардашуда низ […]

Asia-Plus

Собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ (ҶБВ), ки дар шаҳри Душанбе зиндагӣ мекунанд, дар остонаи ҷашни Рӯзи Ғалаба аз ҳисоби фонди захиравии раиси пойтахт ҳар кадоме ба маблағи 1 ҳазору 500 сомонӣ кумакпулии якдафъаина мегиранд.

Бино ба иттилои сомонаи расмии мақомоти шаҳрдории Душанбе, мувофиқи қарори аз ҷониби раиси пойтахт Рустами Эмомалӣ баимзорасида, шахсони ба собиқадорони ҷанг баробаркардашуда низ бо кумакпулӣ қардонӣ мешаванд.

Аз ҷумла, ба шахсони бо ордену медалҳои ҳарбӣ дар ақибгоҳ солҳои ҶБВ сарфарозгардида, шахсоне, ки зиёда аз шаш моҳ дар ақибгоҳ дар давраи  ҷанг кор кардаанд, маъюбони амалиётҳои ҷангӣ дар қаламрави давлатҳои дигар (Афғонистон), маъюбони садамаи Нерӯгоҳи барқӣ-атомии Чернобил ва оилаҳое, ки саробони онҳо ҳангоми ҳимояи сохти конститутсионӣ ҳалок гардидаанд, ба ҳар кадоме ба андозаи 800 (ҳаштсад) сомонӣ кумакпулӣ ҷудо мешавад.

Бо ин мақсад аз фонди захиравии раиси пойтахт 697 ҳазору 800 сомонӣ маблағ ҷудо гардида, муовинони раиси шаҳри Душанбе маблағҳои ҷудогардидаро ба иштирокчиён ва маъюбони ҶБВ зимни аёдати шахсӣ дар манзили истиқоматиашон ботантана на дертар аз 4 майи соли ҷорӣ месупоранд.

Қобили зикр аст, ки сафи собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар Тоҷикистон сол то сол кам мешавад. Имрӯз онҳо ҳамагӣ 244 нафар боқӣ мондаанд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.