Пешниҳоди покистониҳо доир ба роҳандозии истеҳсоли таҷҳизоти тиббӣ дар Тоҷикистон

Date:

Дар вохӯрии раҳбарияти Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон бо президенти ширкати Amicus Enterprises Ҷаҳонгир Баҷва ва президенти ширкати Repro KRC (Pvt) Ltd Парвиз Шафқат Алӣ аввали ҳафтаи равон дар Душанбе пешниҳод бобати дар Тоҷикистон таъсис додани корхонаи истеҳсоли таҷҳизоти тиббӣ баррасӣ шуд.

“Ҷаҳонгир Баҷва пешниҳод кард, ки дар қаламрави Тоҷикистон корхонаи истеҳсоли таҷҳизоти тиббӣ, аз ҷумла парда (навор, плёнка)-и рентгенӣ ва асбобҳои ҷарооҳӣ таъсис дода шавад, ки ҷиҳати камшавии хароҷот барои воридоти ин таҷҳизот ва имкони содироти он ба кишварҳои ҳамсоя шароит фароҳам меорад”, – хабар медиҳад дафтари матбуоти Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон.

Ширкати Amicus Enterprises яке аз ширкатҳои маъруфи истеҳсолкунандаи асбобҳои тиббии ҷарроҳӣ дар Покистон ба шумор меравад.

Ба истеҳсоли ин гуна маҳсулот шират аз соли 1970 машғул буда, аз соли 1982 онро ба бозорҳои байнулмилалӣ содирот мекунад.

Ширкати Repro KRC ба тайёр кардани пардаҳо (навор, плёнка)-и рентгении тиббӣ ва саноатӣ, пардаҳо барои тасвирҳои графикӣ ва бадеӣ ва ғайра машғул аст. Ширкат соли 1996 таъсис ёфтааст.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

Дар Тоҷикистон барои фурӯши сабикаи тилло дастгоҳҳои худкор насб мекунанд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба нақша гирифтааст, ки давоми...

1 млрд доллар камтар. Чаро гардиши мол байни Тоҷикистону Қазоқистон кам шуд?

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва...