Ҳукми 6 соли зиндон ба соҳибкор барои воридоти дорувории пастсифат

Date:

Суди ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе сокини вилояти Хатлонро барои ғайриқонунӣ ба ҷумҳурӣ ворид намудани маводи дорувории муҳлати истифодаашон гузашта ба 6 соли зиндон маҳкум кард.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Прокуратураи генералии ҷумҳурӣ, Фарҳод Қурбонов санаи 22 октябри соли 2018 дар фурудгоҳи Душанбе боздошт шудааст.

“Ӯ аз Туркия беш аз 800 қуттӣ 7 номгӯи маводи дорувориро ба маблағи умумии 3 ҳазор доллар ворид карданӣ буд. Муайян карда шудааст, ки ин мавод ба талаботи стандартҳои муқарраршуда ҷавобгӯ набуда, ғайриқонунӣ, бе иҷозатномаи Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон ба ҳудуди ҷумҳурӣ ворид карда мешавад”, – омадааст дар маълумот.

Гуфта мешавад, нисбати Қурбонов мутобиқи моддаи 210 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон (Ғайриқонунӣ машғул шудан ба фаъолияти амалии хусуии тиббӣ ва фаъолияти  хусусии фармасевтӣ) парвандаи ҷиноятӣ боз шуд.

“Бо қарори суди ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Фарҳод Қурбонов ба 6 соли зиндони низомаш сахт маҳкум гардида, ҳамчунин ӯ ба муддати ду сол аз ҳуқуқи машғул шудан ба фаъолияти соҳибкорӣ – фурӯши маводи фармасевтӣ маҳрум карда шуд”, – зикр мегардад дар хабари Прокуратураи генералӣ.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Раиси Додгоҳи олӣ: “Парвандаи Исматулло Абдуллозода ба додгоҳ наомадааст”

Раиси Додгоҳи олӣ гуфт, парвандаи Исматулло Абдуллозода, роҳбари пешини...