Ҳузури наздики ҳазор нафар дар роҳпаймоии “Полки ҷовидон” дар Душанбе

Date:

Дар раҳпаймоии “Полки ҷовидон дар Душанбе санаи 9 май наздики ҳазор нафар тоҷикистониён иштирок карданд.

Онҳо бо суратҳои хешону наздикон, ки дар ҳама ҷабҳаҳои ҷанг баҳри ноил гардидан ба ғалаба бар фашизм саҳм гузоштанд, роҳи аз Театри лӯхтак то Боғи Ғалаба, назди лавҳаи Оташи ҷовидонро пиёда тай намуданд.

Дар Боғи Ғалаба маросими гулгузорӣ назди лавҳаи Оташи ҷовидон доир гардида, бо хомӯшии якдақиқаина хотири қурбониёни ҷанг пос дошта шуд. Раҳпаймоӣ бо иҷрои сурудҳои замони ҷанг анҷом пазируфт.

ГАЛЛЕРЕЯ (22)






















Соли гузашта бо вуҷуди иҷозаи расмӣ надоштан ба баргузории раҳпаймоӣ, ба ҳар ҳол он доир гардида, ҳукуматдорони шаҳр ба он монеъ нашуданд. Субҳи рӯзи 9 майи соли 2018 наздики 500 нафар сокинони пойтахт назди дарвозаи Боғи Ғалаба (мавзеи маъруф ба пивзавод) ҷамъ омада, то Боғи Ғалаба раҳпаймоӣ карданд. Ин ҷо онҳо дар пояи Оташи ҷовидон барои гиромӣ доштани хотираи фавтидагон дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ гулҳо гузоштанд.

Қобили зикр аст, ки сафи собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар Тоҷикистон сол то сол кам мешавад. Имрӯз онҳо ҳамагӣ 244 нафар боқӣ мондаанд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...