Дар Тоҷикистон иқтисоди рақамӣ бунёд мекунанд

Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон маросими рӯнамои лоиҳаи ҳуҷҷатгузории рақамӣ, ки аз ҷониби ширкати «Сифат Иннотех Инвест» таҳия шудааст, баргузор гардид. Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорат, ҳукумат ба ин сохтори давлатӣ дастур дода буд, ки Консепсияи иқтисоди рақамӣ ва ҷорӣ намудани технологияҳои рақамиро дар соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ таҳия намояд. Дастур дар қарори […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон маросими рӯнамои лоиҳаи ҳуҷҷатгузории рақамӣ, ки аз ҷониби ширкати «Сифат Иннотех Инвест» таҳия шудааст, баргузор гардид.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорат, ҳукумат ба ин сохтори давлатӣ дастур дода буд, ки Консепсияи иқтисоди рақамӣ ва ҷорӣ намудани технологияҳои рақамиро дар соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ таҳия намояд.

Дастур дар қарори ҳукумат “Дар бораи ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон дар соли 2018 ва вазифаҳо барои соли 2019”, ки охири моҳи январи соли равон қабул шуд, зикр гардида буд.

Моҳи феврал бо қарори Вазорати рушди иқтисод ва савдо “Дар бораи таъсиси гурӯҳҳои кории идоракунанда ва техникӣ оид ба таҳияи Консепсияи иқтисодиёти рақамӣ дар Тоҷикистон”, ду гурӯҳи корӣ – идоракунанда ва техникӣ таъсис дода шуд.

Барои ҳамкорӣ дар таҳияи Консепсия ташкилотҳои ҷамъиятӣ низ ба фаъолияти гурӯҳҳои корӣ ҷалб шуданд.

Дар доираи ин ҳамкорӣ ширкати «Сифат Иннотех Инвест» ба вазорат пешниҳод намуд, ки ҷиҳати кумак ба таҳияи чунин ҳуҷҷат омода аст ва ба сифати иштирокчии қисмати техникии гурӯщи корӣ шомил шуд.

Ҳадафҳои асосӣ ва беҳтарини “Иқтисоди рақамӣ” бунёди зербинои устувор ва бехатару босуръати интиқол, коркард ва захираи ҳаҷми зиёди маълумоти дастрас барои ҳамаи ташкилоту хонаводаҳо, ҳамчунин афзалияти истифодаи барномаи ватании таъминот аз ҷониби мақомоти давлатӣ, худидоракунии маҳаллӣ ва ташкилотҳо мебошанд.

ҶДММ «Сифат Иннотех Инвест» соли 2017 таъсис дода шуда, ба корҳои таҳияи лоиҳаҳои инноватсионӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои наву муосир дар ҳалли масъалаҳо баҳри рушди иқтисоди кишвар машғул аст.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.