Дар Қазоқистон 9 май дастрасӣ ба шабакаҳои иҷтимоӣ ва сомонаи хабаргузориҳо қатъ шуд

Провайдер ё фароҳамкунандагони Интернет дар Қазоқистон рӯзи 9 май дастрасӣ ба шабакаҳои иҷтимоӣ, амсоли Facebook, Instagram ва YouTube, инчунин паёмакрасони Telegram ва чанд сомонаи хабариро масдуд карданд. Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ бо истинод ба гурӯҳи NetBlocks, ки озодии Интернетро мониторинг мекунад, муаллифон гуфттанд, бархе аз шабакаҳо комилан аз кор монданд. "Масдудсозӣ субҳи […]

Наим Халимов

Провайдер ё фароҳамкунандагони Интернет дар Қазоқистон рӯзи 9 май дастрасӣ ба шабакаҳои иҷтимоӣ, амсоли Facebook, Instagram ва YouTube, инчунин паёмакрасони Telegram ва чанд сомонаи хабариро масдуд карданд.

Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ бо истинод ба гурӯҳи NetBlocks, ки озодии Интернетро мониторинг мекунад, муаллифон гуфттанд, бархе аз шабакаҳо комилан аз кор монданд.

"Масдудсозӣ субҳи рӯзи панҷшанбе ё шаби чаҳоршанбе роҳандозӣ шудааст", – хабар додааст гуруҳи NetBlocks.

Гуфта мешавад, маҳдудсозии мазкур ба эҳтимоли зиёд баъди он роҳандозӣ шудааст, ки гурӯҳи дигарандешон тасмим гирифтанд, 9 май иқдоми эътирозӣ ба роҳ монанд.

Зимнан зикр мегардад, ки ба иттилои ин гуруҳ, қатъи дастрасӣ ба захираҳои интернетӣ санаи 9 май беназир будааст.

Рӯзи 9 май дар Қазоқистон дастрасӣ ба сомонаи бахши қазоқии Радиои Озодӣ ва чанд сомонаи хабарии маҳаллӣ низ маҳдуд будааст. Давоми рӯз дар чанд шаҳри Қазоқистон сокинонро боздошт карданд. Боздоштҳо баъди он сурат гирифтанд, ки Мухтор Аблязов – мухолифи қазоқ – аз сокинон хост, бо нишони эътироз ба кӯча бароянд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.