Бо вуҷуди манъи мақомот, раҳпаймоии “Полки ҷовидон” дар Тошканд баргузор шуд

Дар қаламрави маҷмааи ёдгории “Қабри шаҳидон” ("Братские могилы")-и шаҳри Тошканд раҳпаймоии “Полки ҷовидон” баргузор шуд. Сарфи назар аз манъи мақомоти шаҳрдорӣ, садҳо нафар назди лавҳаи ёдгорӣ омада, суратҳо дар даст ва зери сурудҳои замони ҷанг раҳпаймоӣ карданд, хабар медиҳад nuz.uz. Маъракаи раҳпаймоӣ дар “Полки ҷовидон” ҳамасола дар Тошканд мавриди баҳсу баррасии зиёд қарор мегирад. Имсол […]

Asia-Plus

Дар қаламрави маҷмааи ёдгории “Қабри шаҳидон” ("Братские могилы")-и шаҳри Тошканд раҳпаймоии “Полки ҷовидон” баргузор шуд.

Сарфи назар аз манъи мақомоти шаҳрдорӣ, садҳо нафар назди лавҳаи ёдгорӣ омада, суратҳо дар даст ва зери сурудҳои замони ҷанг раҳпаймоӣ карданд, хабар медиҳад nuz.uz.

Маъракаи раҳпаймоӣ дар “Полки ҷовидон” ҳамасола дар Тошканд мавриди баҳсу баррасии зиёд қарор мегирад. Имсол ҳам истисно нашуд. Ду рӯз пеш ба баргузории раҳпаймоӣ иҷоза нашуд. Мақомоти пойтахт ба баргузор намудани раҳпаймоӣ дар миқёси шаҳр иҷоза надоданд. Дастандаркорони чорабинӣ раҳпаймоиро аз мавзеи “Қабрҳои бародарона” то Оташи ҷовидон дар майдони Мустақиллик дар нақша доштанд.

Аммо имсол ҳам раҳпаймоӣ дар мавзеи маҷмааи ёдгории “Қабри шаҳидон” маҳдуд шуд. Садҳо одамон бо суратҳо дар даст ин ҷо ҷамъ шуда, хотири иштирокчиёну қурбониёни ҷанги мудҳишро зидди фашизм посу гиромӣ доштанд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 18 майи соли 2026

Аз даргузашти Мӯъмин Қаноату Раҳматилло Зоиров то Рӯзи ҷаҳонии осорхонаҳо.