Маълумоти шахсии 49 млн корбари Инстаграм дастраси умум шуд

Маълумот дар бораи 49 миллион корбари шабакаи иҷтимоии Инстаграм дар як пойгоҳи иттилои боз дар Интернет ошкор шудааст. Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ бо истинод ба расонаи TechCrunch, сухан аз саҳифаҳое меравад, ки шумори зиёди обуначӣ доштанд ва дар онҳо эъломҳо нашр мешуданд. Дар миёни онҳо гӯиё саҳифаҳои блогерон ва брендҳои маъруф низ […]

Бахши хабарии Осиёи Марказӣ

Маълумот дар бораи 49 миллион корбари шабакаи иҷтимоии Инстаграм дар як пойгоҳи иттилои боз дар Интернет ошкор шудааст.

Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ бо истинод ба расонаи TechCrunch, сухан аз саҳифаҳое меравад, ки шумори зиёди обуначӣ доштанд ва дар онҳо эъломҳо нашр мешуданд. Дар миёни онҳо гӯиё саҳифаҳои блогерон ва брендҳои маъруф низ ҳастанд.

Гуфта мешавад, маълумот дар бораи корбарони мазкур дар пойгоҳи марбут ба як ширкати ҳиндустонӣ ошкор шуд, ки бо фурӯши эълом дар Инстаграм машғул аст. Кормандони он маълумоти корбаронро дар шабака нигоҳ медоштанд

Ба иттилои манбаъ, то муроҷиати TechCruch ба ширкат, маълумоти умумӣ (шумори обуначиён, кишвари соҳиби саҳифа) ва шахсии 49 миллион корбар (нишони электронӣ ва рақами телефони соҳиби саҳифа) дар Интернет дастраси умум будааст.

Зимнан зикр мегардад, ки мМоҳи апрели соли равон саҳмдорони Facebook, ки Инстаграм ба он тааллуқ дорад, аз раҳбари шабакаи иҷтимоӣ Марк Сукерберг хостанд, истеъфо диҳад. Ба гуфтаи онҳо, арзиши саҳмияҳои шабака ба далели баҳсҳо атрофи маълумоти шахсии корбарон поин рафтааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.