Муноқишаи бародарон дар Мастчоҳ бо куштор анҷомид

Раиси хоҷагии деҳқони “Мирзоодил”-и ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд ба гумони даст доштан дар куштори бародараш боздошт шуд. Бино ба иттилои дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон, сокини 37-солаи ноҳия бо бародари 28-солааш ба муноқишаву ҷанҷол пардохта, якдигарро лату кӯб мекунанд. “Баъдан бародари калонӣ аз дохили автомашинаи шахсиаш тамғаи “Старекс”, корди хоҷагиро гирифта, 1-маротиба ба қафаси синаи бародараш […]

Asia-Plus

Раиси хоҷагии деҳқони “Мирзоодил”-и ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд ба гумони даст доштан дар куштори бародараш боздошт шуд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон, сокини 37-солаи ноҳия бо бародари 28-солааш ба муноқишаву ҷанҷол пардохта, якдигарро лату кӯб мекунанд.

“Баъдан бародари калонӣ аз дохили автомашинаи шахсиаш тамғаи “Старекс”, корди хоҷагиро гирифта, 1-маротиба ба қафаси синаи бародараш задааст, ки дар натиҷа ӯ ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодаса ба ҳалокат расидааст”, – омадааст дар маълумоти ВКД.

Зимнан зикр мегардад, ки марди 37-сола аз ҷониби кормандони милитсия дастгир ва нисбаташ бо моддаи 104 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.