Қулай ва дастрас: замимаи мобилии Юнистрим ба забони тоҷикӣ ҳам таҳия шуд

Низоми байнулмилалии пардохти Юнистрим версияи (шакли) тоҷикии замимаи мобилии интиқоли маблағро таҳия намуд, ки ҷараёни интиқоли пулро барои сокинони тоҷикзабон ба таври назаррас осон кард. Замимаи навро метавон дар Google Play ва Apple Store баргирифта (скачать) насб намуд. Мо аз роҳбари тиҷорати онлайни Юнистирм бонк Ксения Чернишева дархост кардем, ки дар бораи замимаи мобилӣ ва […]

Низоми байнулмилалии пардохти Юнистрим версияи (шакли) тоҷикии замимаи мобилии интиқоли маблағро таҳия намуд, ки ҷараёни интиқоли пулро барои сокинони тоҷикзабон ба таври назаррас осон кард. Замимаи навро метавон дар Google Play ва Apple Store баргирифта (скачать) насб намуд. Мо аз роҳбари тиҷорати онлайни Юнистирм бонк Ксения Чернишева дархост кардем, ки дар бораи замимаи мобилӣ ва афзалиятҳои он маълумот диҳад.

Соли 2018 беш аз 60%-и корбарони Юнистрим аз замимаи мобилӣ истифода кардаанд.

Чӣ гуна метавон замимаро насб намуд ё забони гузоштаро ба тоҷикӣ иваз кард

Насби замимаи мобилии Юнистрим Денежные переводы ба телефони мобилии худ пас аз баргирифтан (скачать) хеле осон аст: замимаро мекушоед, кишвар ва коди дахлдорро интихоб мекунед, рақами телефонатонро мегузоред ва баъди чаанд сония паёмак бо коди тасдиқшуда аз 4 рақам меояд. Ин кодро чида, сипас ба равзанаи нав гузашта, дар он рамз (парол)-и худро (он ҳам аз 4 аломат иборат аст) барои дастрасӣ ба низом муайян мекунед. Пароли шумо муддати чанд сония коркард шуда, дар идома саҳифаи асосии хизматгузорӣ боз мешавад. Profile-ро кушода, дар он аз 7 забони дастраси замима забони гузоштаро ба тоҷикӣ иваз мекунед.

Роҳандозии версияи тоҷикии замима чӣ зарурат дошт

Хизматрасонии хушсифат, осонӣ ва дастрасии истифодаи маҳсулот аз афзалиятҳои асосии Юнистрим ба шумор мераванд. Истифодаи забони миллӣ дар маҳсулот натанҳо масъалаи қулай барои мизоҷон аст, балки як воситаи хизматгузории хушсифат низ мебошад. Замима барои муҳоҷирони машғули кор дар Русия хеле бароҳату қулай аст ва тибқи маълумоти Бонки марказӣ, соли гузашта онҳо ба ватан наздики 2 млрд. доллари ИМА пул фиристодаанд. Акнун иҷрои амалиёти интиқоли пул барои онҳо осон мешавад. зеро ҳамаи воситаҳо ба забони модарӣ тарҷума шудааст. 

Қулай будани замимаи Юнистрим дар чӣ ифода меёбад

Замимаи мобилӣ бо он қулай аст, ки маълумоти корти бонкӣ ва таърихи интиқолҳои шуморо дар хотир мегирад. Ин маънои онро дорад, ки барои интиқоли маблағ на зиёдтар аз 2 дақиқа вақт сарф мешавад ва агар шумо такроран ба ҳамон як нафар пул фиристед, пас барои ин ҳамагӣ якчанд пахшкунӣ лозим меояд. Пули интиқолшударо дар ҳама гуна дафтари кории бонкҳои шарики Юнистрим гирифтан мумкин аст.

Фаъолияти низоми Юнистрим дар Тоҷикистон чӣ гуна амалӣ мешавад

Дар муқоиса бо соли гузашта соли 2018 афзоиши интиқолҳои онлайн дар Тоҷикистон 280%-ро ташкил дод, хабар медиҳанд дар Юнистрим.  Шабакаи пардохти маблағҳои интиқолёфта дар Тоҷикистон беш аз 1000 нуқтаро дар бар мегирад. Шарикони низом бонкҳои бузурги кишвар аз ҷумла БДА ҶТ «Амонатбонк», ҶСК «Бонки Эсхата», ҶСК «Ориёнбонк», ҶСК «Соҳибкорбанк», ҶСП «Аввалин Бонки молиявии хурд» мебошанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.