Фестивали наврасон “Мо насли хушбахти замон” дар Душанбе

Дар Душанбе ба муносибати Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон таҳти унвони “Мо насли хушбахти замон” Фестивали ҷумҳуриявии  наврасон баргузор мешавад. Бино ба иттилои дафтари матбуоти мақомоти шаҳрдории Душанбе, ҳадаф аз баргузории фестивал дар руҳияи инсондӯстӣ, ифтихори ватандорӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ, умумибашарӣ ва фарҳангӣ тарбия намудани насли наврас аст. Қайд мешавад, ки бо қарори дахлдори раиси пойтахт […]

Дар Душанбе ба муносибати Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон таҳти унвони “Мо насли хушбахти замон” Фестивали ҷумҳуриявии  наврасон баргузор мешавад.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти мақомоти шаҳрдории Душанбе, ҳадаф аз баргузории фестивал дар руҳияи инсондӯстӣ, ифтихори ватандорӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ, умумибашарӣ ва фарҳангӣ тарбия намудани насли наврас аст.

Қайд мешавад, ки бо қарори дахлдори раиси пойтахт барои омодагӣ ва баргузории ин чорабинӣ 68 ҳазору 50 сомонӣ (7200 доллар) маблағ ҷудо мешавад.

Дар фестивали ҷумҳуриявӣ 200 нафар наврасон аз тамоми гӯшаву канори ҷумҳурӣ иштирок мекунанд. Рӯзи 29 май наврасонро дар чор дарвозаи пойтахт пешвоз гирифта, санаи 30 май дар Маркази кӯдакону наврасони Душанбе (боғи кӯдакони Душанбе) маросими расмии ифтитоҳи фестивал доир мегардад.

Рӯзи 31 май дар мактаби №6-и шаҳри Душанбе иштирокчиёни фестивал дар мавзӯи “Душанбе аз нигоҳи ман” иншо менависанд. Ҳамчунин наврасон бо шоирон Гулназар Келдӣ ва Адибаи Азиз вомехӯранд. Дар доираи фестивал мусобиқаҳо оид ба футболу баскетбол, шоҳмоту шашка ва дигар чорабиниҳои варзишӣ баргузор мешаванд.

Маросими расмии хотима ёфтани фестивал санаи 1 июн дар Амфитеатр бо чорабинии идонаи фарҳангӣ барпо мешавад.

Рӯзи ҳифзи кӯдакон ё Рӯзи ҷаҳонии кӯдакон аз соли 1950 дар саросари ҷаҳон ҷашн гирифта мешавад. Қарор дар бораи таҷлили он моҳи ноябри соли 1949 аз ҷониби Федератсияи байнулмилалии демократии занон қабул шуд. Соли 1954 СММ тавсия дод, ки ин рӯз дар саросари дунё ҷашн гирифта шавад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...