Корхонаи «Пиллаи тоҷик» ба ширкати хусусӣ фурӯхта шуд

Корхонаи асосии пиллапарварии Тоҷикистон “Пиллаи тоҷик” ба ширкати хусусии “Иттиҳодияи истеҳсолии “Ганҷ” фурӯхта шуд. Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҷумҳурӣ маҳз бо ҳамин ширкат шартномаи хариду фурӯши саҳмияҳои ҶСК “Пиллаи тоҷик”-ро ба имзо расонид. Корхона бо нархи қариб 5 млн. сомонӣ (наздики 530 ҳазор доллар) фурӯхта шуд. Ин маблағро ширкат бояд дар муддати […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Корхонаи асосии пиллапарварии Тоҷикистон “Пиллаи тоҷик” ба ширкати хусусии “Иттиҳодияи истеҳсолии “Ганҷ” фурӯхта шуд. Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҷумҳурӣ маҳз бо ҳамин ширкат шартномаи хариду фурӯши саҳмияҳои ҶСК “Пиллаи тоҷик”-ро ба имзо расонид.

Корхона бо нархи қариб 5 млн. сомонӣ (наздики 530 ҳазор доллар) фурӯхта шуд. Ин маблағро ширкат бояд дар муддати ду моҳи пас аз имзои шартномаи хариду фурӯш пардохт намояд.

Мувофиқи шартҳои тендер “Иттиҳодияи истеҳсолии “Ганҷ” дар муддати як соли пас аз санаи имзои шартнома бояд қарзҳои “Пиллаи тоҷик”-ро ба маблағи умумии беш аз 15,7 млн. сомонӣ пардохт кунад.

Ҳамчунин ширкат дар муддати се сол бояд ба корхонаи харидааш 35 млн. сомонӣ (3,7 млн. доллар) сармоягузорӣ кунад, аз ҷумла на камтар аз 15 млн. сомонӣ дар муддати як сол.

Ғайр аз ин, молики нави корхона бояд дар муддати се сол ҳаҷми умумии даромади “Пиллаи тоҷик”-ро то 30 млн. сомонӣ афзуда, ҳамчунин 510 ҷойи нави корӣ фароҳам орад.

Қобили зикр аст, ки тендери байнулмилалӣ оид ба хусусигардонии “Пиллаи тоҷик” аввали соли равон эълон шуда буд.

Нархи аввалияи беш аз 42,5 ҳазор саҳмияҳои Ҷамъият 4 млн. 911 ҳазор сомониро ташкил медод.

ҶСК “Пиллаи тоҷик”

Ҷамъият моҳи декабри соли 2013 дар натиҷаи азнавташкилдиҳии КВД «Пилла»-и Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҶТ бо сармояи оинномавӣ дар ҳаҷми 4 млн. 254 ҳазор сомонӣ ташкил шуд. Муассиси он Кумити давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон мебошад. Дар шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ 39 корхонаҳи саҳҳомии фаръии ширкат амал мекунанд.

Ҳаҷми дороиҳои ширкат 8,6 млн. сомонӣ ва қарзи ҷамъият беш аз 15,7 млн. сомониро ташкил медиҳанд. Сатҳи фарсудашавии воситаҳои асосии корхона ба 68 фоиз баробар аст.

Корхона аз ҷумла аз пардохти маош, назди Вазорати молия, андоз, Бонки миллии Тоҷикистон, назди ширкатҳои боррасону паймонкорон ва назди дигар субъектҳои хоҷагидорӣ қарздор аст.

Майдони умумии қитъа замини корхонаи “Пиллаи тоҷик” беш аз 26 гектар ва майдон барои сохтмон – зиёда аз 14 гектарро ташкил медиҳад.

Амволи ширкат аз бинои маъмурӣ ва иншооти ёрирасон, анборҳо ва амволи корхонаҳои фаръӣ дар шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ иборат аст. ҶСК “Пиллаи тоҷик” дар ноҳияҳои пиллапарварии кишвар даҳҳо филиал дошта, дафтари кории марказиаш дар шаҳри Душанбе (собиқ “Тоҷикатлас”) воқеъ аст.

Қобили зикр аст, ки замони Иттиҳоди Шӯравӣ пиллапарварӣ яке аз бахшҳои муваффақи соҳаи кишоварзии Тоҷикистон шуморида мешуд.

ҶДММ “Корхонаи истеҳсолии “Ганҷ”

Корхонаи бузурги истеҳсоли равғани растанӣ дар Тоҷикистон дар ҷамоати Бӯстон-Қалъаи ноҳияи Кӯшониёни вилояти Хатлон воқеъ буда,моҳи марти ҳамин сол бо ҳузури президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон мавриди истифода қарор гирифт.

Барои сохтмони корхона беш аз 8,5 млн. сомонӣ маблағ масраф гардида, иқтидори солонаи он ба коркарди 35 ҳазор тонна офтобпарасту зағир ва рапсу масҳар, истеҳсоли 10 ҳазор тонна равғани растанӣ ва 21 ҳазор тонна кунҷора баробар аст.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.