РИА “Новости”: Шойгу барои гуфтушунид ба Тоҷикистон омад

Date:

Вазири мудофиаи Русия Сергей Шойгу ба Душанбе ташриф оварда, имрӯз бо раҳбарияти Тоҷикистон дар мавриди таҷдиди Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ ва фаъолияти пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон гуфтушунид мекунад, хабар додааст ба журналистон котиби матбуоти вазир Россияна Марковская. Дар ин бора РИА “Новости” хабар медиҳад.

“Баррасии ин масъалаҳо имрӯз бо вазири мудофиаи Тоҷикистон Шералӣ Мирзо ба нақша гирифта шудааст”, – гуфтааст Марковская.

Зимнан зикр шудааст, ки дидору гуфтушуниди вазири мудофиаи Русия бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон низ дар назар аст.

Бино ба гуфтаи ӯ, дар ҷараёни гуфтушунидҳо “масоили таҷдиди артиши Тоҷикистон, ҳамчунин масоили марбут ба фаъолияти пойгоҳи низомии Русия дар қаламрави Тоҷикистон” баррасӣ мешаванд.

“Мавзӯъҳои асосии гуфтушунидҳо аз масоили муҷаҳҳаз сохтани пойгоҳи низомии Русия бо намунаҳои нави силоҳ, ҳамчунин таҷдиди артиши Тоҷикистон иборатанд”, – иброз доштааст Марковская.

Ёдрас мекунем, ки пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон аз иншооти бузургтарини низомӣ берун аз ҳудуди ин давлат ба шумор меравад, ки дар ду шаҳр – Душанбе ва Бохтар мустақар аст. Мувофиқи созишномаи моҳи октябри соли 2012 баимзорасида, муҳлати ҳузури пойгоҳи низомӣ дар Тоҷикистон то соли 2042 муқаррар шудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Сафири Тоҷикистон дар Кобул бо вазири корҳои хориҷии Толибон дидор кардааст

Саъдӣ Шарифӣ, сафири Тоҷикистон дар Кобул бо Амирхон Муттақӣ,...

Беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар давлатҳои ҷангзада. Теъдоди оилаҳои тоҷик чӣ қадар аст?

Дар давлатҳои ҷангзада беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон боқӣ...

250-300 зану кӯдаки тоҷик дар Сурияву Ироқ мондаанд. Тақдири онҳо норавшан аст

Ҳоло дар аз минтақаҳои ҷангзадаи Сурия ва Ироқ тахминан...

Роҳбари МТС як омили асосии даргириҳои охир дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистонро гуфт

Хайриддин Усмонзода, раҳбари Маркази тадқиқоти стратегӣ (МТС)-и Тоҷикистон мегӯяд,...