Кӣ дар Тоҷикистон чӣ қадар музди меҳнат мегирад?

Музди меҳнати миёнаи моҳонаи номиналӣ дар Тоҷикистон тайи соли охир ба андозаи 11,1% боло рафт. Музди меҳнати миёнаи моҳонаи номиналии моҳи март 1354 сомонӣ (145 доллар)-ро ташкил дод, ки нисбат ба моҳи марти соли 2018 ба миқдори 11,1% зиёдтар мебошад, хабар медиҳад Агентии омори назди президенти ҶТ. Музди меҳнати ҳадди ақал (минималӣ) дар ҷумҳурӣ айни […]

Asia-Plus

Музди меҳнати миёнаи моҳонаи номиналӣ дар Тоҷикистон тайи соли охир ба андозаи 11,1% боло рафт.

Музди меҳнати миёнаи моҳонаи номиналии моҳи март 1354 сомонӣ (145 доллар)-ро ташкил дод, ки нисбат ба моҳи марти соли 2018 ба миқдори 11,1% зиёдтар мебошад, хабар медиҳад Агентии омори назди президенти ҶТ.

Музди меҳнати ҳадди ақал (минималӣ) дар ҷумҳурӣ айни замон 400 сомонӣ (42 доллари ИМА)-ро ташкил медиҳад.

Қайд мешавад, ки нисбат ба моҳи марти соли гузашта сатҳи музди меҳнати воқеӣ (бо назардошти таваррум) дар моҳи марти соли 2019 ба андозаи 3,1% афзудааст.

Музди меҳнати аз ҳама пасттаринро дар Тоҷикистон кормандони бахши кишоварзӣ, хоҷагии ҷангал ва соҳаи моҳипарварӣ мегиранд, ки ба 586 сомонӣ (62 доллар) баробар аст.

Дар Тоҷикистон аз ҳама бештар ба кормандони соҳаи миёнаравии молиявӣ ва суғурта – 3247 сомонӣ (344 доллар) ва коргарони бахши истихроҷи канданиҳои фоиданок – 2543 сомонӣ (270 доллар) маош пардохт мешавад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.