Восеъ: садамаи нақлиёти фоҷеабор ҷони 4 касро рабуд

Date:

Дар қаламрави ҷамоати Гулистони ноҳияи Восеъ рӯзи шанбеи ҳафтаи сипаришуда ду автомашинаи тамғаи Opel ба ҳамдигар бархӯрданд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон, автомашинаҳо таҳти идораи сокини ноҳияи Ҳамадонӣ Қурбоналӣ Абдураҳимови 51-сола ва сокини ноҳияи Данғара Маҳмадӣ Нусратови 23-сола қарор дошта, Абдураҳимов гунаҳкори садама дониста шудааст.

Гуфта мешавад, 4 нафар мусофирони автомашинаҳо – Раҳим Абдураҳимови 2-сола ва додари 1-солаи ӯ, ҳамчунин Азизулло Нусратови 64-сола ва духтари 37-солаи ӯ Озода дар ҷойи ҳодиса ҳалок шудаанд.

Зимнан зикр мегардад, ки ронандагони автомашинаҳо ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд. Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Овозаи маргаш ду моҳ пеш паҳн шуд”. Ҷасади боз як ҷавони тоҷикро аз ҷанги Русия дар Украина оварданд

Тани беҷони Кароматулло Одинаев, як ҷавони 26-солаи тоҷик, ки...

Боздошти як қочоқбар дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон

Дар пайи як амалиёти Қӯшунҳои сарҳадӣ дар марзи Тоҷикистон...

“Баъди ду рӯзи бедаракшавӣ ҷасадашро аз дарё ёфтанд”. Ҷузъиёти марги мармузи Ёсинҷони 14-сола дар Исфара

Мақомот дар Исфара марги мармузи Ёсинҷони 14-соларо, ки ҷасади...