Восеъ: садамаи нақлиёти фоҷеабор ҷони 4 касро рабуд

Дар қаламрави ҷамоати Гулистони ноҳияи Восеъ рӯзи шанбеи ҳафтаи сипаришуда ду автомашинаи тамғаи Opel ба ҳамдигар бархӯрданд. Бино ба иттилои дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон, автомашинаҳо таҳти идораи сокини ноҳияи Ҳамадонӣ Қурбоналӣ Абдураҳимови 51-сола ва сокини ноҳияи Данғара Маҳмадӣ Нусратови 23-сола қарор дошта, Абдураҳимов гунаҳкори садама дониста шудааст. Гуфта мешавад, 4 нафар мусофирони автомашинаҳо – Раҳим […]

Asia-Plus

Дар қаламрави ҷамоати Гулистони ноҳияи Восеъ рӯзи шанбеи ҳафтаи сипаришуда ду автомашинаи тамғаи Opel ба ҳамдигар бархӯрданд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон, автомашинаҳо таҳти идораи сокини ноҳияи Ҳамадонӣ Қурбоналӣ Абдураҳимови 51-сола ва сокини ноҳияи Данғара Маҳмадӣ Нусратови 23-сола қарор дошта, Абдураҳимов гунаҳкори садама дониста шудааст.

Гуфта мешавад, 4 нафар мусофирони автомашинаҳо – Раҳим Абдураҳимови 2-сола ва додари 1-солаи ӯ, ҳамчунин Азизулло Нусратови 64-сола ва духтари 37-солаи ӯ Озода дар ҷойи ҳодиса ҳалок шудаанд.

Зимнан зикр мегардад, ки ронандагони автомашинаҳо ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд. Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.