Тоҷикистон шумори маҳсулоти содиротиашро ба 480 номгӯй расонид

Шумори молу маҳсулоти содиротии Тоҷикистон тайи се соли охир беш аз се баробар афзуд. Муовини аввали сардори Хадамоти гумруки назди ҳукумати Тоҷикистон Азим Ҳайдар зимни вохӯрӣ бо директори иҷроияи Маркази тиҷорати байнулмилалӣ Арача Гонсалес дар Женева изҳор дошт, ки дар натиҷаи тадбирҳои андешидашуда ҳиссаи содирот дар муомилоти моли хориҷии кишвар аз 20% дар соли 2015 […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Шумори молу маҳсулоти содиротии Тоҷикистон тайи се соли охир беш аз се баробар афзуд.

Муовини аввали сардори Хадамоти гумруки назди ҳукумати Тоҷикистон Азим Ҳайдар зимни вохӯрӣ бо директори иҷроияи Маркази тиҷорати байнулмилалӣ Арача Гонсалес дар Женева изҳор дошт, ки дар натиҷаи тадбирҳои андешидашуда ҳиссаи содирот дар муомилоти моли хориҷии кишвар аз 20% дар соли 2015 то ба 25,3% дар соли 2018 расидааст.

Бино ба гуфтаи ӯ, шумори шарикони тиҷоратии Тоҷикистон дар ин давра аз 90 то ба 110 кишвар зиёд шуда, номгӯи молу маҳсулоти содиротӣ аз 150 то ба 480 номгӯй боло рафт.

Бино ба иттилои Агентии омори назди президенти ҷумҳурӣ, соли 2018 ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон 4 млрд. 222 млн. долларро ташкил дод.

Содироти молу маҳсулот дар ин давра ба маблағи умумии 1 млрд. 73 млн. доллар (25,3%) сурат гирифт.

Соли 2015 ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон 4 млрд. 325 млн. долларро ташкил дода буд, ки нисбат ба соли 2018 – 103 млн. доллар зиёдтар аст.

Соли 2015 содирот дар ҳаҷми умумии гардиши молу маҳсулот ба 890 млн. доллар (20,5%) баробар шуд.

Дар сохтори содироти Тоҷикистон дар соли гузашта беш аз нисфашро маҳсулоти минералӣ (ашёи хом) ташкил дод.

Ғайр аз ин, наздики чоряки содиротро сангу металлҳои қиматбаҳо ва нимақиматбаҳо ва маснӯот аз онҳо, ҳамчунин беш аз 20%-ашро маҳсулоти дӯзандагиву бофандагӣ ташкил доданд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

ФАО: “Хавфҳои иқлимӣ ба амнияти озуқавории Осиёи Марказӣ таҳдид мекунанд”

Таназзули замин маҳсулнокӣ коҳиш дода, талафи гуногунии биологӣ низомҳои экологиро, ки деҳқонону чорводорон ва аҳолии деҳот ба он вобастаанд, заъиф месозад.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.