“Хорпуштак” барои ҷомеаи имрӯз муҳим аст

Маҷаллаи «Хорпуштак» нуҳ даҳсоларо пушти сар кард ва бо ҷасорати наву устувор ба даҳсолаи нав ворид шуд. Ханда, истеҳзо, тамасхур ва танқиди доғҳои зиндагӣ дар муошират – ҳазорҳо сол ин рисолаташро кам накардааст. Муаллифони аввалини мақолаву расмҳои маҷалла устод Садриддин Айнӣ, Баҳриддин Азизӣ, Козимзода, Мухторӣ, Ҳасан Ирфон, Ҳаким Карим, Суҳайлӣ Ҷавҳаризода, А. Одилзода, Абдусалом Деҳотӣ […]

Манзумаи Фирӯз “Азия-Плюс”

Маҷаллаи «Хорпуштак» нуҳ даҳсоларо пушти сар кард ва бо ҷасорати наву устувор ба даҳсолаи нав ворид шуд. Ханда, истеҳзо, тамасхур ва танқиди доғҳои зиндагӣ дар муошират – ҳазорҳо сол ин рисолаташро кам накардааст.

Муаллифони аввалини мақолаву расмҳои маҷалла устод Садриддин Айнӣ, Баҳриддин Азизӣ, Козимзода, Мухторӣ, Ҳасан Ирфон, Ҳаким Карим, Суҳайлӣ Ҷавҳаризода, А. Одилзода, Абдусалом Деҳотӣ ва чанде дигарон аз зумраи аввалин муаллифони ҳаҷвияву фелетонҳои маҷалла буданд.

Дар ин солҳо мавзӯе набуд, ки аз назари ҳамабини ин муаллифон дар канор монда бошад. Баъдан Аъзам Сидқӣ, Ҳ. Ҳакимзода, Самад Ғанӣ, Фазлиддин Муҳаммадиев, Мирсаид Миршакар, Раҳим Ҷалил, Боқӣ Раҳимзода, Муҳиддин Аминзода, Ҳоҷӣ Содиқ, Сайидалӣ Вализода, Тоҷӣ Усмон, Ҳабибулло Назаров, Бобо Ҳоҷӣ, Абдумалик Баҳорӣ, Басир Расо, Бурҳон Ғанӣ, Урун Кӯҳзод, Сайидалӣ Маъмур, Маҳмадалишои Ҳайдаршо, Сафармуҳаммад Аюбӣ, Мирзо Файзалӣ, Баҳодур Файзуллоев ва ғайраҳо бо “Хорпуштак” ҳамкории зич доштанд.

Сармуҳаррири маҷаллаи мазкур  Ашраф Одинамадов, ҳангоми суҳбат ба “Азия-Плюс” иброз намуд, ки маҷаллаи “Хорпуштак” дар даврони Шӯравӣ нашрияи ҳизби коммунист маҳсуб меёфт ва адади нашраш ба 130 ҳазор нусха расида буд. Ҳоло қариб 1100 нусха чоп мешавад, ки ин барои аҳолии як ҷумҳурӣ ниҳоят кам аст.

Ба гуфтаи мавсуф, айни замон имкониятҳои молиявӣ ба ҳамин миқдор басандагӣ мекунанд, ки маҷалла бо ҳамин теъдод нашр мешавад. Вале мегӯяд:

–  Сарфи назар аз ҳама мушкилот,  аҳли эҷоди нашрия руҳафтода нестанд ва талош мекунем, ки маҷалларо дар сатҳи боз ҳам хубтару беҳтар ба хонандагон пешниҳод намоем. Баҳри ноил шудан ба шуҳрати пешинаи маҷалла кӯшиши зиёд ба харҷ дода, аз тамоми имконот самаранок истифода мебарем. Маҷалла аз ҳисоби буҷети давлатӣ маблағгузорӣ мешавад. Ва кам шудани маблағгузорӣ ба маҷалла, пул танҳо барои пардохти музди меҳнати кормандони маҷалла ҷудо мегардаду халос. Чунин вазъ боиси он шудааст, ки бинобар сабаби напардохтани ҳақи қалами муаллифон,  аксари қаламкашон ҳамкориро бо маҷалла қатъ намудаанд. Ин вазъ ба сифати муҳтавои маводҳои маҷалла таъсири манфӣ мерасонад.

Ашраф Одинамадов, илова кард, ки маҷалла мероси даврони шӯравист ва имрӯз нақши муҳиме дар ҳаёти ҷомеа дорад.  Ба гуфти Одинамадов: 

– “Хорпуштак” барои ҷомеаи имрӯза хеле муҳим аст. Вақте дар маҷалла танқид мекунем, ин маънои онро надорад, ки хусумате нисбат ба нафаре дошта бошем. Мақсади танқиди мо танҳо як чиз, ислоҳ шудан асту халос.   

Гуфта мешавад, ки вазъи обунаи маҷалла низ хеле ташвишовар аст.  Кормандони маҷалла мегӯянд, ба ҳар корхонае, ки мераванд онҳоро бо хушӣ истиқбол мегиранд ва “Хорпуштак”-ро хонданиву дӯстдоштаниӣ эътироф мекунанд, вале аз чӣ сабабе бошад, ки ба ягона маҷаллаи ҳаҷвӣ обуна намешаванд.

Ҳамчунин, ҳайати эҷодии маҷаллаи “Хорпуштак” ният дорад, ки китобхона ва расонаи интернетии маҷаллаи ягонаи ҳаҷвии Тоҷикистонро таъсис бидиҳанд, ки ҳам дар кишвар ва берун аз он низ навиштаҳои онро тавонанд мутолиа намоянд.  Дар оянда мақолаву маводи хонданбоб чоп карда, тамоми камбудиҳои зиндагӣ ва ҷомеаро бо расму карикатураҳои ҷолиб пешкаши ҳаводорони маҷалла гардонанд.

– Мо кӯшиш менамоем, ки сифати маҷалларо боз ҳам хубтару зеботар гардонем ва ҳар як хонанда проблемаву камбудиҳои зиндагиашро бо лутфу ханда аз саҳифаҳои маҷаллаи мо дарёбад. Агар вазъи молиявиамон беҳтар шавад, мақсад дорем саҳифае барои хурдтаракон ташкил намоем, ки бо расму шоҳбайтҳои бузургон кӯдакон, асосан хонандагонро аз роҳи бад гардонад. Ва таъсиси инҳо ҳам ба вазъи молиявии идора вобастагӣ дорад.

Ҳайати эҷодии маҷаллаи “Хорпуштак”-ро, ки ҷавонон ташкил медиҳанд ва ҳамаҷониба дар нашри маҷалла саҳмгузоранд, аз дастгириҳои бевоситаи вазири фарҳанг Орумбекзода Шамсиддин Шодибек, вазири мудофиа Шералӣ Мирзо ва вазири маориф ва Тоҷикистон Нуриддин Саид миннатдор буда, умед доранд, ки дар оянда низ барои рушду нумӯи ягона маҷаллаи ҳаҷвии “Хорпуштак” дар Тоҷикистон саҳми арзанда мегузоранд. Дар ҳақиқат барои пайдо намудани шӯҳрати пешниаи маҷалла чораҳои зарурӣ бояд андешида шавад. Чун дигар навигарӣ ва хабарҳоро рӯзномаҳо нашр мекунанд, аммо танқиду хандаро КӢ НАШР МЕКУНД? Ҳатман, ки “Хорпуштак”.  

Ёдрас мешавем, ки маҷаллаи “Хорпуштак” аз соли 1926 ба нашр мерасад. Дар давраи Иттиҳоди Шӯравӣ маҷалла хеле бонуфуз буд ва бо теъдоди беш аз 100 ҳазор нусха, дар ҳаҷми 12 саҳифаи ранга  бо мусаввараҳои ҷолиби пурмазмун моҳе ду маротиба ба табъ мерасид. Маҷалла дар солҳои гуногун бо номҳои "Мулло Мушфиқӣ", "Калтак", "Бигиз", "Мушфиқӣ", "Хоҷа Насриддин" чоп шуда, аз соли 1953 номи "Хорпуштак"- ро гирифтааст.

Дар оилаи ягонаи Иттиҳоди Шӯравӣ маҷаллаи  “Хорпуштак” ифтихор ва мавқеъи бузург дошт, ки бо маҷаллаи “Крокодил”-и Русия ҳамкории зич дошт. Маҷаллаи “Крокодил” 4 июни соли 1922 таъсис дода шуда буд. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

ФАО: “Хавфҳои иқлимӣ ба амнияти озуқавории Осиёи Марказӣ таҳдид мекунанд”

Таназзули замин маҳсулнокӣ коҳиш дода, талафи гуногунии биологӣ низомҳои экологиро, ки деҳқонону чорводорон ва аҳолии деҳот ба он вобастаанд, заъиф месозад.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.