Росавиатсия аз болои “Тоҷик Эйр” ба суд шикоят бурд

Суди ҳакамӣ (арбитраж)-и Маскав даъвои Агентии федералии нақлиёти ҳавоии Русия (Росавиатсия)-ро нисбати ширкати миллии ҳавопаймоии Тоҷикистон – “Тоҷик Эйр” мавриди баррасӣ қарор додааст. Дар даъвои худ Росавиатсия дархост намудааст, ки аз ширкати “Тоҷик Эйр” барои хизматгузориҳои аэронавигатсионӣ дар ҳаҷми наздики 555 ҳазор доллар қарзаш рӯёнида шавад, хабар медиҳанд ВАО-и Русия бо истинод ба РИА Новости. […]

Asia-Plus

Суди ҳакамӣ (арбитраж)-и Маскав даъвои Агентии федералии нақлиёти ҳавоии Русия (Росавиатсия)-ро нисбати ширкати миллии ҳавопаймоии Тоҷикистон – “Тоҷик Эйр” мавриди баррасӣ қарор додааст.

Дар даъвои худ Росавиатсия дархост намудааст, ки аз ширкати “Тоҷик Эйр” барои хизматгузориҳои аэронавигатсионӣ дар ҳаҷми наздики 555 ҳазор доллар қарзаш рӯёнида шавад, хабар медиҳанд ВАО-и Русия бо истинод ба РИА Новости.

Намояндаи Росавиатсия қайд кардааст, ки қарз барои хизматрасониҳо дар давраи аз моҳҳҳои сентябр то декабри соли 2018 ба вуҷуд омадааст. “То ин давра ширкати тоҷикистонӣ ҳисоби маблағҳои пешниҳодшударо пардохт мекард, лекин баъдан даст кашид”, – омадааст дар маълумот.

Зимнан зикр мегардад, ки баррасии даъвои Росавиатсия аз рӯи парванда санаи 11 июл баргузор мешавад.

Ширкати ҳавопаймоии “Тоҷик Эйр” бинобар сабаби дучор шудан ба вазъи душвори молиявӣ аввали ҳамин сол фаъолияташро қатъ намуд.

Дар дохили кишвар низ “Тоҷик Эйр” ба фурудгоҳҳои Душанбе ва Хуҷанд, ширкатҳои “Тоҷикаэронавигатсия”, “Ширкати таъминоти сӯзишворӣ”, “Тоҷик Кейтеринг Сервис”, БДА “Амонатбонк” ва дигарон ба маблағҳои зиёд қарздор аст.

Охири моҳи январи соли ҷорӣ роҳбари ширкат Хайрулло Раҳимов аз мансаб сабукдӯш гардида, ҷойи ӯро собиқ муовини раиси Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон ишғол намуд.

Раҳбарияти нави “Тоҷик Эйр” буҳронро тавассути кам кардани хароҷот ва роҳандозии методҳои нави идоракунӣ паси сар карданист.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.