Ҳузури намояндагони Тоҷикистон дар маъракаи интихоботи президенти Қазоқистон

Намояндагони Тоҷикистон – раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ (КМИР)-и ҷумҳурӣ Бахтиёр Худоёрзода ва роҳбари дастгоҳи КМИР Тоҷикистон Наврӯз Самадзода ба ҳайати нозирон аз Кумитаи иҷроия ва Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил шомил гардиданд. Дар ҳайати нозирон аз Кумитаи иҷроияи ИДМ онҳо маъракаи интихоти президенти Қазоқистонро пайгирӣ (мониторинг) мекунанд, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз КМИР […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Намояндагони Тоҷикистон – раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ (КМИР)-и ҷумҳурӣ Бахтиёр Худоёрзода ва роҳбари дастгоҳи КМИР Тоҷикистон Наврӯз Самадзода ба ҳайати нозирон аз Кумитаи иҷроия ва Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил шомил гардиданд.

Дар ҳайати нозирон аз Кумитаи иҷроияи ИДМ онҳо маъракаи интихоти президенти Қазоқистонро пайгирӣ (мониторинг) мекунанд, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз КМИР Тоҷикистон.

Ғайр аз ин, вакили палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон Амрихудои Дамдор низ дар мониторинги ин маърака ба сифати нозир дар ҳайати нозирони Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ ҳузур хоҳад дошт.

Маъракаи интихоботи ғайринавбатии президентӣ дар Қазоқистон санаи 9 июни соли равон доир гардида, дар он 7 нафар номзадҳо ба курсии президентӣ, аз ҷумла президенти муваққатии ин кишвар Қосим-Ҷомарт Тоқаев низ ба қайд гирифта шудаанд.

Қобили зикр аст, ки санаи 19 марти соли ҷорӣ президенти пешини Қазоқистон Нурсултон Назарбоев зимни муроҷиаташ ба мардуми кишвар изҳор дошт, ки аз ваколатҳои президентиаш даст мекашад ва аз ин рӯ, зарурат пеш омад, ки интихоботи ғайринавбатии мазкур баргузор шавад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.