Чорабиниҳои сатҳи ҷумҳуриявии ҷашни Рӯзи ваҳдати миллӣ имсол дар Рашт баргузор мешаванд

Date:

Чорабиниҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ бахшида ба ҷашни 22-юмин солгарди Рӯзи ваҳдати миллӣ имсол дар ноҳияи Рашт баргузор мешаванд, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз ҳукумати Тоҷикистон.

Чорабиниҳо бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, кормандони ҳукумат, аъзои парлумон, ходимони илму фарҳанги кишвар, намояндагони корпусҳои дипломатӣ ва созмонҳои байнулмилалии муқими Тоҷикистон доир мегарданд.

Санаи 27 июни соли 1997 дар Маскав байни ҳукумати Тоҷикистон ва Иттиҳоди нерӯҳои мухолифини тоҷик Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид, ки ба ҷанги шаҳрвандии солҳои 1992-1997 дар Тоҷикитсон хотима бахшид.

Ба муносибати ҷашни Рӯзи ваҳдати миллӣ санаи 27 июн дар ҳамаи боғҳои фарҳангу истироҳати шаҳри Душанбе сайругаштҳои оммавии сокинону меҳмонони Душанбе доир гардида, ярмаркаҳои маҳсулоти хӯрокворӣ ташкил мешаванд. Шоми ҳамин рӯз дар тамоми боғҳои фарҳангу истироҳати шаҳр бо иштироки устодони саъати ҷумҳурӣ консертҳо баргузор мешаванд.

Мувофиқи фармони президенти Тоҷикистон ва қонуни қабулшуда аз 22 майи соли 1998 ҷашни Рӯзи ваҳдати миллӣ яке аз идҳои расман муқаррашуда дар Тоҷикистон мебошад. Мувофиқи меъёрҳои қонунгузории Тоҷикистон, ин сана – 27 июн дар ҷумҳурӣ рӯзи истироҳат эълон шудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...