Ба реҷаи пурзӯри адои хизмат гузаштани сохторҳои қудратии Тоҷикистон

Кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии Тоҷикистон шурӯъ аз имрӯз ба реҷаи пурзӯри адои хизмат гузаронида шуданд. Ин тадбир ба баргузории панҷумин Ҳамоиши Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё дар Душанбе марбут аст. Тавре ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз сохторҳои қудратии ҷумҳурӣ дар ин робита иттилоъ дод, дар шаҳри Душанбе ба чораҳои таъмини […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии Тоҷикистон шурӯъ аз имрӯз ба реҷаи пурзӯри адои хизмат гузаронида шуданд. Ин тадбир ба баргузории панҷумин Ҳамоиши Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё дар Душанбе марбут аст.

Тавре ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз сохторҳои қудратии ҷумҳурӣ дар ин робита иттилоъ дод, дар шаҳри Душанбе ба чораҳои таъмини бехатариву амният дар ин рӯзҳо тақвият бахшида мешавад. Барои ин аз минтақаҳои кишвар ба шаҳри Душанбе нерӯ ва воситаҳои иловагӣ сафарбар шудааст.

Шурӯъ аз имрӯз то санаи 16 июн дастаҳои пурзӯршудаи сохторҳои қудратӣ доимо макони издиҳоми мардум, кӯчаву хиёбону боғҳо, биноҳои ҳукумату парлумонро мунтазам зери назорат хоҳанд дошт.

Роҳҳоеро, ки қатори автомашинаҳои ҳайатҳои баландпояи меҳмонони ҳамоиш тариқи он ҳаракат мекунанд, кормандони сохторҳои қудратӣ таҳти посбониву назорат қарор медиҳанд.

Пагоҳ дар Душанбе ҳамоиши МҲТБО доир мегардад, ки дар он сарони кишварҳои Тоҷикистон, Русия, Чин, Эрон, Озарбойҷон, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Бангладеш, Туркия ва Шри-Ланка, ҳамчунин сарвазири Афғонистон Абдулло Абдулло иштирок мекунанд.

Дар робита ба баргузории ин чорабинӣ дар мактабҳои таҳсилоти умумӣ ва олии пойтахт рӯзҳои истироҳат эълон шуд, зеро дар аксари роҳҳои кӯчаву хиёбонҳои пойтахт ҳаракати воситаҳои нақлиёт маҳдуд мешавад.

 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.