Эмомалӣ Раҳмон ба вохӯрӣ бо ҳамтоҳояш аз СҲШ ба Бишкек рафт

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон субҳи имрӯз ҷиҳати иштирок дар вохӯрии сарони давлатҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай ба шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон сафар кард. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар ин сафар Эмомалӣ Раҳмонро муовини якуми сарвазири Тоҷикистон Давлаталӣ Саид, вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ […]

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон субҳи имрӯз ҷиҳати иштирок дар вохӯрии сарони давлатҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай ба шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон сафар кард.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар ин сафар Эмомалӣ Раҳмонро муовини якуми сарвазири Тоҷикистон Давлаталӣ Саид, вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ Азамшо Шарифӣ, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Насим Олимзода, котиби Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадалӣ Ватанзода, раисони Кумитаҳои телевизион ва радио ва кор бо ҷавонон ва варзиш ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.

Дар нишаст баррасии ҳудуди 20 масъала, аз ҷумла таъсиси Бонки СҲШ ва тадбирҳо дар самти муқовимат ба таҳдиду чолишҳоии муосир дар назар аст.

Дар кори нишасти Бишкек роҳбарони 11 кишвар иштирок мекунанд: сарони кишварҳои Русия, Қазоқистон, Чин, Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Ҳиндустон ва Покистон ба сифати иштирокчиён ва сарони боз чор кишвари дигар – Афғонистон, Беларус, Эрон ва Муғулистон ба ҳайси кишварҳои нозири Созмон.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.