Духтарони рус тоҷикистониро аз ғарқшавӣ наҷот доданд

Ду духтари мактабхон аз шаҳри Дубнаи вилояти Маскав як тоҷикистониро аз ғарқшавӣ дар наҳри ба номи Маскав наҷот доданд, менависад АИ Фергана. Духтарони 14-сола Екатерина Кукова ва Екатерина Василчук дар теппаи назди наҳр нишаста, фарёдеро мешунаванд, ки “мард ғарқ мешавад”. Кукова борхалтаашро партофта, бо сарулибосаш худро ба об мепартояд. “Тақрибан 4 метр дуртар аз соҳил, […]

Asia-Plus

Ду духтари мактабхон аз шаҳри Дубнаи вилояти Маскав як тоҷикистониро аз ғарқшавӣ дар наҳри ба номи Маскав наҷот доданд, менависад АИ Фергана.

Духтарони 14-сола Екатерина Кукова ва Екатерина Василчук дар теппаи назди наҳр нишаста, фарёдеро мешунаванд, ки “мард ғарқ мешавад”. Кукова борхалтаашро партофта, бо сарулибосаш худро ба об мепартояд.

“Тақрибан 4 метр дуртар аз соҳил, ки мард ғарқ мешуд, аллакай ҷуқур буд, пойҳоям ба замини зери об намерасид. Наздиктар шино карда, дидам, ки марди калонсол буда, тарсидам, ки барои аз об берун оварданаш зӯрам намерасад”, – гуфтааст духтар.

Бино ба гуфтаи Кукова, ӯ сари мардро рӯи об бароварда, каме ба соҳил наздиктар меорад. Ин дам духтари дигар дигаронро ба кумак даъват мекунад. Ба даъвати ӯ корманди пулиси дар наздикиҳо қарордошта ҳозир шуда, барои ба соҳил кашидани мард ва ёрии аввал ба ӯ кумак мекунад.

Баъди чанде мард ба худ меояд. Маълум мешавад, ки ӯ шаҳрванди 29-солаи Тоҷикистон буда, бо ҳамдиёронаш шарт кардааст, ки наҳрро шино карда ба тарафи дигари соҳил мегузарад, лекин ин ба ӯ муяссар намешавад.

Ояндаи наздик дар мақомоти маҳаллии шаҳрдорӣ духтаронро барои ин амалашон қадрдонӣ карданианд. “Духтарон қаҳрамонони ҳақиқианд. Ба ҳарос наафтода, ҷасурона ва фидокорона ба шахси ношинос кумаки худро дареғ надоштанд. Аз ҷавонони Дубна ифтихор дорам”, – гуфтааст раиси ҳавзаи шаҳрӣ Максим Данилов.

 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.