Муроҷиати духтари Гулнора Каримова ба Прокуратураи генералии Ӯзбекистон

Date:

Набераи президенти нахустини Ӯзбекистон Имон Каримоваи 21-сола бо нашри як муроҷиатнома ба раҳбарони Хадамоти амнияти давлатӣ ва Прокуратураи генералии ин кишвар дар шабакаи иҷтимоии Instagram гуфтааст, сардори зиндон ба модараш Гулнора Каримова фишор меорад.

Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, Каримова навиштааст, ки дар зиндон ба модараш кумаки зарурии тиббиро намерасонанд ва бо вуҷуди доштани чандин навъи беморӣ ӯро аз санҷишҳои бешумору пай дар пай мегузаронанд.

"Сардори зиндон ба раҳбарии кормандони Прокуратураи генералии Ӯзбекистон бо номи Илёс Султонович ва Анваров У. дастур медиҳад, ки ба модарам фишори ҷисмонӣ ва равонӣ диҳанд", – афзудааст ӯ.

Гуфта мешавад, пештар аз ин Грегуар Манжа, вакили дифои швейтсарии Гулнора Каримова гуфта буд, ки нафари таҳти ҳимояташ зери фишори равонии доимӣ қарор дорад. "Ӯро табобат намекунанд. Баъди охирин дидори мо Каримоваро фавран аз табобатгоҳи зиндон берун бурданд", – навишт вакили мудофеъ дар шабакаи иҷтимоии Твиттер.

Вале ҳафтаи гузашта Прокуратураи генералии Ӯзбекистон иттилоъ дар бораи фишори равонӣ ба духтари президенти пешини ин кишвар Ислом Каримовро рад кард. "Вазъи сиҳатии вай муътадил аст, ҳангоми зарурат ёрии тиббӣ дарёфт мекунад", – иттилоъ медиҳад додситонӣ

Бо қарори суди вилояти Тошканд аз 18 декабри соли 2017 Гулнора Каримова 10 сол зиндонӣ шуд. 1 июли соли 2018 муҳлати ҳукми вай 5 сол кам шуд. Ба иттилои прокуратура, Каримова аз тартиботи ҳабси хонагӣ сӯистифода кардааст ва биноан, ӯро дубора ба маҳбас интиқол додаанд.

Пештар аз ин хабар расид, ки ширкатҳои Telia, VimpelCom ва МТС дар маҷмӯъ барои ворид шудан ба бозори мобилии Ӯзбекистон ба Гулнора Каримова тақрибан 1 млрд доллар пора додаанд.

Зикр мегардад, ки Вазорати адлияи ИМА низ Гулнора Каримоваро расман дар порагирӣ ва пулшӯӣ айбдор кард.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Камчибек Тошиев, раиси КДАМ-и Қирғизистон аз сӯйи раисҷумҳур ба истеъфо фиристода шуд

Камчибек Тошиев, раиси КДАМ-и Қирғизистон имрӯз, 10-уми феврал, аз...

Боздошти ду мансабдори пешини Ӯзбекистон. Онҳо кистанд ва ба чӣ муттаҳаманд?

Расонаҳои Ӯзбекистон аз боздошти ду мансабдори пешини ин кишвар...

Ҳабси Иқбол Солиев, табибе аз Ӯзбекистон, ки гӯё беморонро бо ламсу молиш “табобат” мекард

Иқбол Солиев, табибе аз Ӯзбекистон, ки гӯё беморонро бо...

Оби Осиёи Марказӣ барои соли 2026 чӣ гуна тақсим шуд?

Соли 2026 Тоҷикистон аз рӯдхонаҳои Амударё - 9 821...