Аз садама дар роҳи Душанбе-Хуҷанд модари ронанда ҷон бохт

Ронандаи автомашинаи тамғаи BMW, сокини 39-солаи ноҳияи Деваштич (собиқ Ғончӣ) Умедҷон Мавлонов рӯзи 17 июн дар роҳи Душанбе-Хуҷанд дар қаламрави ноҳияи Истаравшан аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, автомашина чаппа мешавад. Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти ВКД Тоҷикистон, аз ҷароҳатҳои бардошта модари ронанда – Шаҳодат Хоҷаеваи 79-сола дар ҷойи ҳдиса ба ҳалокат расидааст. Гуфта мешавад, […]

Asia-Plus

Ронандаи автомашинаи тамғаи BMW, сокини 39-солаи ноҳияи Деваштич (собиқ Ғончӣ) Умедҷон Мавлонов рӯзи 17 июн дар роҳи Душанбе-Хуҷанд дар қаламрави ноҳияи Истаравшан аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, автомашина чаппа мешавад.

Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти ВКД Тоҷикистон, аз ҷароҳатҳои бардошта модари ронанда – Шаҳодат Хоҷаеваи 79-сола дар ҷойи ҳдиса ба ҳалокат расидааст.

Гуфта мешавад, худи ронанда ҷароҳатҳои сабук бардошта, аз рӯи ҳолатҳои ин ҳодиса таҳқиқот ҷараён дорад.

Қаблан субҳи рӯзи 16 июн автомашинаи қатори тӯй ба садама дучор шуда, модар ва холаи арӯс ба ҳалокат расиданд.

Сокини деҳаи Турушбоғи шаҳри Ҳисор Аҳлиддин Бӯриеви 48-сола ҳангоми ҳаракат бо автомашинаи тамғаи “Тико” аз деҳаи Турушбоғ ба самти деҳаи Истонӣ, дар ҳудуди поёни деҳаи Турушбоғ аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, автомашина ба чуқурии баландиаш 300-метр чаппа шудааст.

Дар натиҷа мусофирон Соатой Бӯриева, соли таваллудаш 1973, Фароғат Бӯриева, соли таваллудаш 1986, сокинони деҳаи Турушбоғ, модар ва холаи арӯс аз ҷароҳатҳои вазнин дар беморхона ҳалок шудаанд.

Гуфта мешавад,  худи ронандаи автомашина Аҳлиддин Бӯриев ва Нозия Юсуповаи 1-сола бо ҷароҳатҳои гуногун дар бемористон бистарӣ шудаанд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.