Мулоқоти раиси Суди олии Тоҷикистон бо ҳамтоҳои худ аз СҲШ

Раиси Суди олии Тоҷикистон Шермуҳаммад Шоҳиён дар машварати раисони судҳои олии кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай имрӯз, 18 июн дар шаҳри Сочии Русия ширкат меварзад, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз хадамоти матбуоти Суди олии ҷумҳурӣ. Дар машварат баррасии масъалаҳои кам кардани муҳлат ва шумораи парвандаҳои баррасинашуда дар сатҳҳои гуногуни низоми судӣ, механизми танзими тосудӣ ва […]

Аваз Юлдошев

Раиси Суди олии Тоҷикистон Шермуҳаммад Шоҳиён дар машварати раисони судҳои олии кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай имрӯз, 18 июн дар шаҳри Сочии Русия ширкат меварзад, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз хадамоти матбуоти Суди олии ҷумҳурӣ.

Дар машварат баррасии масъалаҳои кам кардани муҳлат ва шумораи парвандаҳои баррасинашуда дар сатҳҳои гуногуни низоми судӣ, механизми танзими тосудӣ ва истифодаи тартиботи оштидиҳӣ барои ҳаллу фасли баҳсҳо дар назар аст.

Раисони судҳои олии кишварҳои узви СҲШ ҳамчунин масоили марбут ба истифодаи санадҳои миллӣ ва байнулмилалӣ оид ба ҳимоя аз ҳуқуқҳои оилавии кӯдакон, аз ҷумла марбут ба ҳифзи ҳуқуқҳои амволии кӯдаконро низ баррасӣ мекунанд.

Дар назар аст, ки дар машварат бобати бозбинии қарорҳои суд ва ҳукмҳо аз рӯи парвандаҳои ҷиноятии мавриди амал қароргирифта табодули таҷриба сурат гирад.

Ғайр аз ин, баррасии мушкилот ва дурнамои рушди истеҳсолоти судии маъмурӣ, ҳамчунин тадбирҳо оид ба тақвияти ҳокимияти судӣ низ пешбинӣ шудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Натиҷагирӣ аз корзори иттилоърасонии “Зиреҳ”, ки наврасонро аз хатарҳои рақамӣ ҳушдор медиҳад

“Зиреҳ” 10 моҳ идома карда, аз ҷониби "Азия-Плюс" дар доираи лоиҳаи “CARAVAN” амалӣ гардид.

Аввалин роҳбари телевизиону қуллапаймои синамову театр. Ёдномаи Обид Ҳомидов

Ӯ роҳбари “Тоҷикфилм”-у Театри Лоҳутӣ ҳам буд ва чанд рӯз пеш 100 – солагиаш таҷлил шуд.

Дар ҳамоиши бахши озуқа ва кишоварзии СММ, ки дар Душанбе идома дорад, кадом масъалаҳо баррасӣ шуд?

Ин ниҳоди байналмилалӣ мегӯяд, "б амнияти озуқаи Осиёи Марказӣ хавфҳои иқлимӣ таҳдид мекунанд”.

Вазорати тандурустӣ гуфт, “ба сокинони Тоҷикистон “хантавирус” таҳдид намекунад”

Бо ин вуҷуд, ин ниҳод ба сокинони кишвар тавсияҳо додааст. Чӣ тавсияҳо, дар ин хабар хонед.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.