Даргузашти собиқ президенти Миср дар толори додгоҳ

Муҳаммад Мурсӣ, раиси ҷумҳури собиқи Миср дар толори додгоҳ аз ҳуш рафта ва фавтидааст. Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ бо истинод ба телевизиони давлатии Миср, ӯ рӯзи 17-уми июн ҳангоми муҳокима дар додгоҳе дар Қоҳира ҷон дод. Ҷасадашро ба шифохона бурдаанд. Гуфта мешавад, Муҳаммад Мурсии 67-сола, аз раҳбарони асосии "Ихвон-ул-муслимин", яке аз созмонҳои […]

Бахши хабарии Осиёи Марказӣ

Муҳаммад Мурсӣ, раиси ҷумҳури собиқи Миср дар толори додгоҳ аз ҳуш рафта ва фавтидааст.

Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ бо истинод ба телевизиони давлатии Миср, ӯ рӯзи 17-уми июн ҳангоми муҳокима дар додгоҳе дар Қоҳира ҷон дод. Ҷасадашро ба шифохона бурдаанд.

Гуфта мешавад, Муҳаммад Мурсии 67-сола, аз раҳбарони асосии "Ихвон-ул-муслимин", яке аз созмонҳои исломии мамнӯъ дар Миср буд. Ӯро баъди як соли раёсати ҷумҳурӣ дар Миср дар соли 2013 баъди тазоҳуроти азими мардумӣ артиши кишвар барканор кард.

Баъд аз ин фаъолияти гурӯҳи “Бародарони Мусалмон" (Ихвон-ул-муслимин), ки аз Мурсӣ пуштибонӣ мекард, манъ карда шуд ва ҳазорон аъзои он ба зиндон андохта шуданд.

Мурсӣ аввалин раиси ҷумҳуре буд, ки пас аз сарнагунии ҳукумати Ҳуснӣ Муборак аз роҳи демократӣ дар интихобот раҳбари як кишвари арабӣ шуд. Вайро ба хиёнат ба ватан муттаҳам мекарданд ва аз соли 2013 дар зиндон буд.

Созмони Human Rights Watch гуфт, марги Муҳаммад Мурсӣ "фоҷиаангез", вале "пешгӯишаванда" буд, чун мақомот иҷоза надоданд, ки ба ӯ кумаки пизишкӣ расонда шавад.

Яке аз аъзои баландпояи созмони "Бародарони Мусалмон" дар Лондон Муҳаммад Судан марги Мурсиро ба "куштори аз қабл тарҳрезишуда" баробар донист. Раҷаб Эрдуғон, раиси ҷумҳури Туркия, ки бо Мурсӣ робитаи зич дошт, ӯро "шаҳид" ном бурд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Натиҷагирӣ аз корзори иттилоърасонии “Зиреҳ”, ки наврасонро аз хатарҳои рақамӣ ҳушдор медиҳад

“Зиреҳ” 10 моҳ идома карда, аз ҷониби "Азия-Плюс" дар доираи лоиҳаи “CARAVAN” амалӣ гардид.

Аввалин роҳбари телевизиону қуллапаймои синамову театр. Ёдномаи Обид Ҳомидов

Ӯ роҳбари “Тоҷикфилм”-у Театри Лоҳутӣ ҳам буд ва чанд рӯз пеш 100 – солагиаш таҷлил шуд.

Дар ҳамоиши бахши озуқа ва кишоварзии СММ, ки дар Душанбе идома дорад, кадом масъалаҳо баррасӣ шуд?

Ин ниҳоди байналмилалӣ мегӯяд, "б амнияти озуқаи Осиёи Марказӣ хавфҳои иқлимӣ таҳдид мекунанд”.

Вазорати тандурустӣ гуфт, “ба сокинони Тоҷикистон “хантавирус” таҳдид намекунад”

Бо ин вуҷуд, ин ниҳод ба сокинони кишвар тавсияҳо додааст. Чӣ тавсияҳо, дар ин хабар хонед.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.