Сафарбарии ҳазор низомии ИМА ба Шарқи Наздик ба хотири пешгирӣ аз иқдомҳои Эрон

Амрико ба Шарқи Наздик ҳазор низомии дигар мефиристад. Патрик Шэнахан, иҷрокунандаи вазифаи вазири мудофиаи ИМА дар ин бора фармон содир кард. Аммо муҳлати буду боши низомиҳо дар Шарқи Наздик ошкор нашудааст. Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, дар изҳороти Пентагон омадааст, ки фиристодани низомиҳои иловагӣ ба хотири пешгирӣ аз иқдомҳои Эрон дар минтақа, рӯи […]

Бахши хабарии Осиёи Марказӣ

Амрико ба Шарқи Наздик ҳазор низомии дигар мефиристад. Патрик Шэнахан, иҷрокунандаи вазифаи вазири мудофиаи ИМА дар ин бора фармон содир кард. Аммо муҳлати буду боши низомиҳо дар Шарқи Наздик ошкор нашудааст.

Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, дар изҳороти Пентагон омадааст, ки фиристодани низомиҳои иловагӣ ба хотири пешгирӣ аз иқдомҳои Эрон дар минтақа, рӯи даст гирифта шудааст.

Ахиран мақомоти низомии ИМА аксҳоеро нашр карданд, ки ба бовари коршиносон, ҳамлаи Эрон ба нафткашҳои халиҷи Умонро собит мекунанд. Доналд Трамп, президенти ИМА низ пештар аз ин масъулияти ҳамла ба нафткашҳоро ба дӯши Эрон бор кард. Эрон дар навбати худ ин айбҳоро рад мекунад.

Мақомоти Эрон дирӯз гуфтанд, ки сар аз 27 июн маҳдудияти ғанигардонии уранро бекор мекунанд. Маҳдудияте, ки дар пайи созишномаи соли 2015 ҷорӣ шуд. Ҳасани Руҳонӣ, президенти Эрон гуфт, то замоне, ки кишварҳои узви созишнома паёми мусбат надиҳанд, Эрон аз иҷрои бандҳои созишнома дурӣ меҷӯяд.

ИМА моҳи майи соли 2018 созишномаро ноодилона унвон кард ва аз он хориҷ шуд. Бар асоси созишнома, дар ивази бекор кардани таҳримҳои иқтисодии кишварҳои Ғарбӣ ва ИМА Эрон мебоист, аз сохтани силоҳи ҳастаӣ даст кашад. Баъди хуруҷ аз созишнома, Вашингтон бархе аз таҳримҳоро нисбати Эрон дубора ҷорӣ кард.

Як моҳ пеш Пентагон ба Шарқи Наздик 1,5 ҳазор низомӣ фиристода буд. Он замон низ гуфта мешуд, ки ирсоли низомиҳо ба хотири фаъолшавии Эрон дар минтақа аст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.